Дар Душанбе маросими баимзорасонии Созишнома дар бораи ҳамкории байни ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) барои соли 2018 баргузор гашт.

Тибқи ҳуҷҷати мазкур, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” мақоми худро ҳамчун сарпарасти кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Директори тиҷоратии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” Абдулқосим Валиев дар баромади худ чунин иброз дошт:

«Натиҷаҳои ҳамкориро бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷамъбаст намуда, қайд мекунам, ки мо дар Федератсия шарики боэътимод ва дӯсти хубро дарёфт намудем. Ширкати ҳавопаймоӣ ҳамеша кӯшиш мекунад, ки варзиши ватаниро дар доираи сиёсати умумии Ҳукумати Тоҷикистон ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дастгирӣ ва рушд намояд”.

Илова бар ин, Валиев А. бо рӯзноманигорон дар бораи нақшаҳои ширкати ҳавопаймоӣ барои соли 2018  сӯҳбат намуд. «Дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мо пеш аз ҳама мақсад дорем хатсайрҳои навро ифтитоҳ кунем. Аз ҷумла, нашаҳои аввалин чунинанд – кушодани хатсайрҳо ба Тошканд, Самарқанд, Боку ва Пекин. Мо ҳамчунин ният дорем пойгоҳи авиатсиониамонро бо харидории ҳавопаймоҳои замонавии Boeing Dreamliner 787 ва Embraer ғанӣ гардонем», - иброз дошт ӯ.

Ноиби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯраев дар суханронии худ миннатдории Федератсияро ба ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” барои шарики боэътимод будан иброз намуда, ҳамзамон ба ширкати ҳавопаймоӣ муваффақиятҳо таманно намуд.

«Мо мақсад дорем, ки футболи наврасону кӯдаконро инкишоф диҳем, - қайд намуд Ҷӯраев Д. – Барои соли ҷорӣ мусобиқаҳои зиёди футбол дар сатҳи байналмилалӣ байни наврасону кӯдакон ба нақша гирифта шудааст ва мо итминони комил дорем, ки ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҳамчун шарики боэътимод ба мо дар интиқоли футболбозон кӯмак мерасонад, зеро барои футболбози касбӣ шудан, ба наврасону кӯдакон зарур аст, ки ба мусобиқаҳои берунмарзӣ баромада, бинанд, ки ҳамсолони ӯ дар дигар мамолик чӣ тавр ба бозии футбол машғул мебошанд».

Қобили зикр аст, ки айни замон «Сомон Эйр», ки аз моҳи сентябри соли гузашта узви ИАТА мебошад, бо муваффақият парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самти кишварҳои Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон анҷом медиҳад. Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737 – 300, -800 ва -900 иборат мебошад.