Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Чхонджуи Кореяи Ҷанубӣ иштирок мекунанд.

Қаблан Сеул бо хавфи пас аз мусобиқаи соли 2016 ба ватан барнагаштани 4 гуштигири тоҷик аз додани раводид худдорӣ карда буд.

Чемпионати ҷаҳон оид самбо рӯзҳои 8-10 ноябр дар Кореяи Ҷанубӣ доир мегардад. Қувваозмоиҳо байни беҳтарин самбочииёни ҷаҳон дар 27 вазн: 9 вазн байни занон, 9 вазн миёни мардон ва 9 вазни самбои ҳарбӣ сурат мегиранд.

Федератсияи самбои Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 9 варзишгари тоҷик ва сармураббии онҳо ба Кореяи Ҷанубӣ раводид гирифтаанд.

Аммо ному насаби варзишгароне, ки ба ин мусобиқа мераванд, то ҳол эълон нашудааст.

Қобили зикр аст, ки дар мавсими гузаштаи чемпионати ҷаҳон дар Бухарест самбочиёни тоҷик ба дарёфти 4 медал – 1 тилло ва 3 биринҷӣ шарафёб гардида буданд. Хушқадам Хусравов дар қувваозмоии финалӣ ба гуштигир аз Русия Руслан Багдасарян дастболо шуда, унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.