Тоҷикистонӣ Беҳзод Усмонов (11-4) дар мусобиқаи лоиҳаи UFC - The Ultimate Fighter 32 (TUF32) иштирок кард. Ҳоло ӯ имзои қарордод бо лигаро интизор аст.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” худи размикор хабар дод, роҳбари UFC Дана Уайт ба ӯ имкон медиҳад, ки моҳҳои август-сентябр дар ин лига рақобат кунад.
Мавсими 32-юми «The Ultimate Fighter: Алекса Грассо vs Валентина Шевченко» рӯзи 4 июн дар шабакаи телевизиони ESPN оғоз мешавад. Усмонов дар ҳайати дастаи Грассо ба “Азия-Плюс” дар бораи таассуроташ аз иштирок дар лоиҳа изҳори назар кард.
“Вақтамро хуш гузаронида, дар паҳлӯи Гейҷи машқ кардам. Ҳозир қарордод бо UFC-ро мунтазирам. Дана Уайт гуфт, ки моҳҳои август-сентябр бо ман қарордод баста, барои рақобат дар лига имкон медиҳанд”, - иброз дошт ӯ.
Варзишгар ҳамчунин зикр кард, ки дар вазнҳои сабук ва сабуктарин рақобат мекунад.
“Аз гӯштин сар карда, тадриҷан ба бокси тайиландӣ ва кикбоксинг, сипас ММА гузаштам. Малакаҳои мро дар TUF32 дидан барои ҳама мароқовар хоҳад буд. Дар лоиҳаи TUF32 зери парчами Тоҷикистон рақобат кардам”, - гуфт Усмонов.
Размикор мегӯяд, барои наворбардории TUF32 панҷ ҳафта вақт сарф шуд. Бинобар сабаби уҳдадориҳо дар қарордод, ӯ дар бораи дигар ҷузъиёти иштирок дар ин наворбардориҳо маълумот дода натавонист. Лоиҳа дар доираи реалити-шоу намоиш дода мешавад.
Панҷум размикори UFC аз Тоҷикистон кист?
Беҳзод Усмонов 10 августи соли 1995 дар деҳаи Куркати вилояти Суғд таваллуд шудааст. Дар синни 10-солагӣ ҳамроҳи пайвандонаш ба Русия мекӯчад. То синни 20-солагӣ дар Русия таҳсил кардаву ба воя расидааст. Сипас дар Таиланд, Чин, Австралия, Сингапур зиндагӣ ва машқу тамрин карда, айни замон дар шаҳри Албукерке (иёлати Ню-Мексико, ИМА) иқомат дорад.
Оиладор аст. Дар корҳои менеҷменти толори «Jackson Wink Academy» кумак карда, бо размикорон аз Осиё ва Русия ҳамкорӣ ва онҳоро дар ИМА дастгирӣ мекунад. Бо размикорони маъруфи UFC, аз ҷумла Тони Фергюсон, Холли Холм ва Ҷон Додсон машқу тамрин (спарринг) кардааст.
Дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва омӯзгорӣ (педагогика) маълумоти олӣ дорад.