Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ аз 26 июл то 11 август дар пойтахти Фаронса баргузор мешаванд. Тоҷикистонро 14 нафар намояндагӣ мекунанд. 11 нафар варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои интихобӣ роҳхат дарёфт намуда, боз 3 варзишгари дигар аз рӯи квотаҳо иштирок мекунанд.
Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 22 июл ҳайати олимпичиёни кишвар ба 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж 2024 сафарбар гардид. 12 узви мунтахаби олимпӣ аллакай дар Париж қарор дошта, 2 нафари дигар рӯзи 31 июл ба онҳо ҳамроҳ мешаванд.
Деҳаи олиимпӣ дар қисмати шимоли наздикии шаҳри Париж воқеъ буда, майдони 52 гектарро фаро мегирад. Он аз 50 манзил, майдону биноҳо барои тамрин, дармонгоҳ, ошхона ва дигар зерсохтори зарурӣ барои зиндагӣ ва истироҳат иборат аст.
Дар деҳаи олимпӣ ба сурати умум ҳудуди 14,5 нафар, аз ҷумла 9 ҳазор нафар варзишгарон зиндагӣ хоҳанд кард.
Дар ин Бозиҳо зиёда аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари саросари дунё ширкат варзида, барои 329 маҷмӯи медалҳо дар 32 навъи варзиш рақобат мекунанд.
Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ-2024 рӯзи 26 июл дар дарёи машҳури Фаронса - Сена баргузор мешавад. Яъне бори нахуст дар таърихи бозиҳо ин маросим на дар майдони варзишгоҳ, балки дар пасманзари ёдгориҳои машҳури Париж доир мегардад. Пойтахти Фаронса маротибаи сеюм Бозиҳои олимпиро пазироӣ мекунад. Қаблан солҳои 1900 ва 1924 дар ин шаҳр бозиҳо баргузор шуда буданд.
Ҳайатҳои варзишгарони кишварҳо дар қаиқҳо масофаи 6-километраи обгузарро шино мекунанд.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон:
Ҷудо. 66 кг - Эмомалӣ Нуралӣ. 73 кг - Беҳрӯзи Хоҷазода. 81 кг - Сомон Маҳмадбеков. 90 кг - Комроншоҳи Устопириён. 100 кг - Ҷаҳонгир Маҷидов. +100 кг - Темур Раҳимов.
Бокс. 57 кг - Миҷгона Самадова. 63,5 кг - Баҳодур Усмонов. 92 кг - Давлат Болтаев.
Таэквон-до WT. +67 кг - Мунира Абдусаломова.
Гӯштини тарзи озод. 74 кг - Виктор Рассадин.
Шиноварӣ. Екатерина Бордачева (50 ва 100 м), Фахриддин Маҳкамов (50 и 100 м).
Варзиши сабук. Фаворис Музрапов, 100 м.
Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳо парафшонии парчами Тоҷикистон дар вақти гузаштани ҳайат ба дӯши ҷудокор Темур Раҳимов вогузор шудааст.
Ёдрас мекунем, ки барои дарёфти медалҳо дар Олимпиадаи Париж ба варзишгарони тоҷик аз номи раиси шаҳри Душанбе хонаҳои 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ тақдим мешавад. Ғайр аз ин, онҳо аз номи президент бо 300, 250 ва 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Ҷадвали ба рақобатҳо оғоз намудани варзишгарони Тоҷикистон дар Олимпиадаи Париж:
27 июл, 20:00 (дшб)
Бокс. 63,5 кг. Баҳодур Усмонов.
28 июл. 13:00 (дшб)
Ҷудо. 66 кг. Нуралӣ Эмомалӣ.
15:00 (дшб)
Бокс. 92 кг. Давлат Болтаев.
29 июл. 13:00 (дшб)
Ҷудо. 73 кг. Беҳрӯзи Хоҷазода.
30 июл. 13:00 (дшб)
Ҷудо. 81 кг. Сомон Маҳмадбеков.
16:00 (дшб)
Бокс. 57 кг. Миҷгона Самадова.
31 июл. 13:00 (дшб)
Ҷудо. 90 кг. Комроншоҳи Устопириён.
1 август. 13:00 (дшб)
Ҷудо. 100 кг. Ҷаҳонгир Маҷидов.
2 август. 13:00 (дшб)
Ҷудо. +100 кг. Темур Раҳимов.
Шиноварӣ. 50 м (тарзи озод). Фахриддин Мадкамов.
3 август. 13:45 (дшб)
Давидан. 100 м. Фаворис Музрапов.
14:00 (дшб)
Шиноварӣ. 50 м. (тарзи озод). Екатерина Бордачева.
9 август. 14:30 (дшб)
Гӯштини тарзи озод. 74 кг. Виктор Рассадин.
10 август. 12:00 (дшб)
Таэквон-до WT. +67 кг. Мунира Абдусаломова.