Ҳавопаймои хатсайри аввали ширкати «Сомон Эйр» ба шаҳри Тошканд фуруд омад.
Тавре хабарнигори «Азия-Плюс» Лилия Гайсина хабар дод, пойтахти Ӯзбекистон мусофирони тоҷикро бо обуҳавои абролуд пешвоз гирифта, ҳарорат дар мавзеи фурудгоҳи Тошканд панҷ дараҷа гарм аст.
«Айни замон шиносномаҳои моро тафтиш мекунанд, - иттилоъ дод тариқи телефон хабарнигор. - Эъломияҳоро пур карда, акнун интизорем».
Мусофирон бо шиносномаҳои тоҷикӣ раводидҳо ба Ӯзбекистонро аз шаҳри Душанбе гирифта буданд.
Ёдрас мекунем, ки парвози аввал ба шаҳри Тошкандро ширкати «Сомон Эйр» анҷом медиҳад. Парвоз техникӣ буда, хатсайри мунтазам аз 20 феврал роҳандозӣ мешавад. Капитани корабл Ҷӯрабек Умаров, халабони дараҷаи аввал аст.
Бо ин ҳавопаймо ҳайати мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар карда, дар Тошканд ба ҳаллу фасли масъалаҳои анҷоми расмиёти ифтитоҳи хатсайри мустақим миёни пойтахтҳои ҳарду кишвар машғул мешаванд.