Дар лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020”, ки он баъд аз тасдиқи ҳукумати кишвар дар баррасии парлумон қарор дорад, афзоиши ҳаҷми боҷ ва ҷаримаҳо дар соли оянда пешбинӣ нашудааст.
“Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2020 низ чун соли ҷорӣ 55 сомонӣ боқӣ хоҳад монд”, - гуфт ба Asia-Plus як манбаъ дар бахши иқтисодии ҳукумати ҷумҳурӣ.
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон аз 1-уми июли соли 2008 мафҳуми “ҳадди ақали музди меҳнат”-ро иваз карда, барои ҳисоби андоз, ҷарима, боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва иловапулӣ истифода мешавад. Он ҳар сол бо назардошти сатҳи таваррум муқаррар мегардад.
Давоми соли равон дар кишвар ҳаҷми боҷ ва ҷаримаҳо 10% афзуд. Ин аз сабаби афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 50 то 55 сомонӣ сурат пазируфт.
Ёдовар мешгавем, ки аз 1-уми январи соли 2015 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар ҳаҷми 40 сомонӣ, аз 1-уми январи соли 2017 дар ҳаҷми 50 сомонӣ ва аз 1-уми январи соли 2019 дар ҳаҷми 55 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.