Собиқ мири шаҳри Исфара ва иштирокчии чандинкаратаи музокироти байниҳукуматӣ Мирзошариф Исломидинов дар бораи таърихи низоъҳо дар сарҳад – оид ба харитаҳо, санадҳо, музокирот ва ҳодисаҳое, ки дар натиҷа Ворух "анклав" шуд ба «Азия-Плюс» нақл кард.
Санадҳои ҳуқуқӣ: таърих
Дар мавриди он, ки Ворух ҳеч гоҳ анклав набуд ва тамоми қаламрави атрофи он дар ҳайати РСС Тоҷикистон қарор дошт.
Бори аввал сарҳад миёни ноҳияи Исфара ва ноҳияи Ботканд, он замон вилояти автономии Қаро-қирғиз дар ҳайати Федератсияи Россия, бо қарори КМ Партияи коммунистии болшевикон соли 1924 муқаррар гардида буд. Он замон Ворух ҳеч гуна анклав набуд, замин ва роҳи мустақим Ворухро бо қаламрави боқимондаи ноҳияи Исфара мепайвастанд.
Санади дуюм ин Қарори маҷлиси Президиуми Кумитаи марказии иҷроияи СССР аз 04.05.1927 мебошад. Бояд қайд кард, ки Қарори мазкур бо Қарори Президиуми Кумитаи Марказии Иҷроияи РСС Ӯзбекистон аз 23 майи соли 1927 №15/4 ва Қарори Президиуми Кумитаи Марказии Иҷроияи РАС Қирғизистон таҳти №27 аз 07.06.1927 қабул шуда буд. Ва он гоҳ ба таври возеҳ муайян карда шуда буд, ки Ворух анклав нест ва комилан ба ноҳияи Исфара дохил мешавад.
Санади сеюми ҳуқуқӣ, ки сарҳади байни ноҳияи Исфара ва вилояти Боткандро муайян мекунад, аз ҷониби Шӯрои Комиссарони Халқии СССР соли 1947 ҳангоми муайян кардани ихтилофҳо дар хати сарҳади байни Ӯзбекистон ва Қирғизистон қабул карда шудааст. Тибқи харитаи тасдиқкардаи ин санад, ки онро Сарраёсати картографияи Иттиҳоди Шӯравӣ низ эътироф мекард, Ворух анклав набуд ва тамоми қаламрави атрофи Ворух, ки ҳоло ҳамсоягони мо онро ишғол кардаанд, қисми РСС Точикистон буд.
Ратификатсияи яктарафа
Дар мавриди сохтмони канали Торткул ва яктарафа тасдиқ (ратификатсия) намудани натиҷаҳои комиссияи байнидавлатӣ аз ҷониби Қирғизистон.
Дар миёнаи солҳои панҷоҳум сохтмони обанбори Торткул ва канали Торткул пешбинӣ шуда буд. Маҷрои канал дар баъзе ҷойҳо бояд аз қаламрави ноҳияи Исфараи РСС Тоҷикистон мегузашт.
Ва баъдан, бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон, ба истилоҳ, як комиссия таъсис дода шуд. Ба ҳайати комиссия аз РСС Тоҷикистон ҷаноби Кувшинов, муовини раиси вилояти Ленинобод шомил буд.
Бо сабабҳои номаълум ва аз рӯи натиҷаҳои кори ин комиссия пешниҳод гардид, ки якчанд ҳазор гектар ҳудуди ноҳияи Исфара ба Ҷумҳурии Қирғизистон дода шавад. Дар навбати худ, ҷониби Қирғизистон мебоист обанбори Торткулро ҳамчун обанбори байниҷумҳуриявӣ истифода барад ва дар обёрии тақрибан 3,5 ҳазор гектар замин дар ноҳияи Исфара кумак кунад. Аммо ин протоколи комиссия натавонист эътибори қонунӣ пайдо кунад, зеро он вақт Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон онро тасдиқ накард ва рад намуд.
Пас аз ратификатсияи яктарафа, ҳамсоягони мо ба ворид кардани тағйирот дар харитаҳо шурӯъ карданд. Аммо то охири солҳои ҳафтодум Сарраёсати картография ба харитаи СССР ин тағйиротро ворид накард, зеро ин протокол эътибори қонунӣ надошт. Аммо мувофиқи ин протокол ва ин тағйироти яктарафа дар харита низ иншооти сарбанди обанбори Торткул, ки дар аввали солҳои шастум сохта шуда буданд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буданд. Ин ҳақиқат аст ва ҳамаи мо бояд аз ин огоҳ бошем!
Деҳаи Оқ-сойи Қирғизистон чӣ гуна пайдо шуд?
Дар мавриди он, ки чӣ гуна баъди азхудкунии 700 гектар замин ва бунёди тамоми инфрасохтор, роҳбарияти РСС Тоҷикистон розӣ шуд, ки як қисми заминро ба сокинони вилояти Ботканд супорад ва деҳаи Оқ-Сой ташкил карда шавад.
Соли 1963 колхози «Правда» - и Совети қишлоқи Ворух ба азхудкунии заминҳо дар соҳили чапи дарёи Исфара шуруъ намуд ва дар давоми 10 сол бо дастгирии Вазорати хочагии оби СССР қариб 700 гектар заминҳои бекорхобида азхуд карда шуданд.
Ҳамсояҳои мо то вақти рафтани корҳои ободонӣ ва сохтмони тамоми инфрасохтор хомӯш монданд: каналҳо, роҳҳо ва боғҳо бунёд карда шуданд ва иншоот дар охири солҳои шастум ба истифода дода шуданд. Аммо танҳо дар соли 1974 ҳамсояҳо ба даъвои ин заминҳо оғоз карданд ва иброз намуданд, ки онҳо қаламрави Қирғизистон ҳастанд. Ва аз ин ҷо муноқиша оғоз ёфт.
31 декабри соли 1974 гурӯҳе аз қирғизҳои бо милтиқҳо мусаллаҳ ба сокинони Ворух ҳамла карданд ва муноқишаи шадид сар зад. Он вақт аз ҷониби Тоҷикистон одамони зиёд маҷрӯҳ шуданд. Прокуратураи генералии СССР бо роҳбарии ҷаноби Руденко – Прокурори генералӣ ба муноқиша дахолат кард. Мурофиаи тӯлонӣ буд ва дар натиҷа барои ҳалли низоъ роҳбарияти Иттифоқ тасмим гирифт, ки қисме аз ин заминҳоро ба сокинони минтақаи Ботканд супорад ва бо ин низоъ ором шавад.
Мутаассифона, роҳбарияти ҷумҳурии мо дар он замон ба ин пешниҳод розӣ шуд ва тақрибан 300 гектар замини азхудшуда бо инфрасохтори мавҷуда ба ихтиёри ҷониби Қирғизистон дода шуд. Қирғизҳо саросемавор ба бунёди деҳаи ҳозираи Оқ-Сой шурӯъ карданд ва ҳамин тавр ин деҳа пайдо шуд.
2 нафар кушта ва 24 нафар захмӣ
Дар мавриди қонуншиканӣ дар тақсимоти об, муноқишаи хунин ва чӣ гуна “борони тир” ба сари тоҷикон борид.
Муноқишаи дуюм тобистони соли 1989, вақте ки ҳамсоягони мо низоми истифодаи оби дарёи Исфараро вайрон карданд, рух дод. Тавре дар ёд дорам, тибқи тибқи тақсимоти Вазорати хоҷагии оби СССР, Ҷумҳурии Қирғизистон он вақт ҳақ дошт, ки ҳар рӯз аз 1 апрел то 1 июн 2% -и маҷрои ин дарёро истифода намояд.
Пас аз батакрор вайрон кардани низоми истифодаи об аз ҷониби ҳамсоягон, сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло канали Мастчоҳро бастанд ва талаб карданд, ки режими истифодаи об риоя карда шавад ва заминҳои шафати деҳа, ки ғайриқонунӣ ба қирғизҳо дода шуда буданд, баргардонида шаванд. Низоъ тақрибан якуним моҳ тӯл кашид ва вақте шиддат гирифт, ки 13 июни соли 1989 тақрибан 3000 сокини деҳаи Самарқандек ва дигар деҳоти шафати минтақаи Ботканд бо милтиқҳои шикорӣ ба сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои Тоҷикистони ҳуҷум оварданд.
Мутаассифона, як ҷавон аз деҳаи Хоҷаи Аъло (онвақта Октябр) вафот кард ва агар дахолати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ намебуд, мурдаҳо ва захмиҳо бештар мешуданд. Он рӯз, вақте ки тақрибан 2 ҳазор сокини бесилоҳи деҳаи Ворух ба кӯмаки сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло мерафтанд, ба борони тир аз болохонаҳои деҳаи Оқ-Сой дучор омаданд.
Ҷанҷол танҳо бо дахолати гурӯҳи махсуси минтақаи Перм, ки тавассути чархбол аз Фарғона омаданд, боздошта шуд. Аз сокинони Ворух он рӯз 14 нафар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд, як нафар фавтид.
Аз миёни сокинони деҳаи ҳозираи Сомониён низ чанд нафар захм бардоштанд. Дар маҷмӯъ, рӯзҳои 13 ва 14 июли соли 1989 аз ҷониби тоҷикон 2 нафар кушта ва 24 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар Ворух, Чоркӯҳ ва Сур соати комендантӣ эълон карда шуд.
Ҷудо кардани замин ё бозгашт боз ба ҳамон масъала?
Дар мавриди он, ки чӣ гуна масъалаи пурра баргардонидани замини деҳаҳои Ворух ва Чоркӯҳ, ки ғайриқонунӣ ба ихтиёри Қирғизистон дода шуда буданд, ба таъхир андохта шуд ва чӣ гуна сокинон пешниҳоди комиссияро оид ба ҷудо гузаронидани замин рад намуданд.
Пас аз муноқишаи рӯзҳои 13-ум ва 14-уми июли соли 1989 бо супориши роҳбарияти Иттифоқи Шӯравӣ комиссияи махсус таъсис дода шуд. Комиссияро аз ҷониби Тоҷикистон муовини якуми Раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон - В.В. Воҳидов ва аз ҷониби Қирғизистон Г.С. Сидиков – Муовини якуми Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон роҳбарӣ карданд.
Пас аз якчанд рӯзи кор, комиссияи мазкур протоколеро пешниҳод кард, ки аз якчанд банд иборат буд: аз ҷумла ба ҷониби Тоҷикистон додани 68 гектар минтақаҳои кӯҳии атрофи деҳаи Ворух ва 18 гектар заминҳои азхуднашудаи атрофи деҳаи Хоҷаи Аъло аз қаламравҳои баҳснок.
Пешниҳод карда шуд, ки бо ҳамин масъалаи тақсимоти марзҳо қатъ карда шавад, Аммо масъалаи пурра баргардонидани замини деҳаҳои Ворух ва Чоркӯҳ, ки ғайриқонунӣ ба Қирғизистон дода шуда буданд ба таъхир гузошта шуд.
Ман он вақт ба ҳайси раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Исфара кор мекардам. Мо, аъзои комиссия ин протоколро имзо накардаем. Мо хоҳиш кардем, ки протокол бо сокинони деҳаҳои Ворух ва Чоркӯҳ мувофиқа шавад ва танҳо баъди розигии онҳо тасдиқ карда шавад.
Бо сокинони деҳаи Ворух вохӯрӣ ташкил карда шуд, дар маҷлис тақрибан 3000 нафар ҳузур доштанд ва ҳама эътирофи натиҷаҳои кори ин комиссияро қатъиян рад карданд. Намояндагони ҷумҳурии мо ба дурустии талабҳои сокинони деҳаи Ворух бовар карданд, мулоқот бо сокинони Хоҷаи Аъло ва Чоркӯҳро зарур надонистанд ва протоколро тасдиқ накарданд.
Фишори КМ ҲКИШ
Дар мавриди фишори КМ ҲКИШ, кӯшиши тасвиби иҷборӣ, иҷлосияи баргузорношуда ва дар хусуси он ки кӣ Қаҳҳор Маҳкамовро ба ин бовар кунонид.
Вале пас аз ин бо ташаббуси тарафи Қирғизистон фишор болои роҳбарияти Тоҷикистон аз тарафи КМ ҲКИШ, Шӯрои Олии ИҶШС ва асосан аз тарафи Бюрои сиёсӣ шурӯъ шуд.
Баъзе роҳбарони ҷумҳурӣ: Паллаев Ғоибназар Паллаевич - раиси Президиуми Шӯрои Олӣ ва Лучинский П.К. - котиби дуюми КМ ҲКТ бо супориши Москава ба Исфара омаданд ва бо аҳли ҷамоатчигӣ вохӯрӣ карданд. Ин роҳбарон ба ҳақ будани талабҳо қонунии сокинони деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ боварӣ ҳосил карданд ва дар ин бора ба Москва гузориш доданд.
Он замон КМ ҲКИШ ва Шӯрои Олии ИҶШС кӯшиш карданд ки иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷкистонро даъват кунанд ва иҷборан ин протоколро ба тасвиб расонанд, вале мо, роҳбарони Исфара Г.Савридинова, М.Исломидинов, сокониони куҳансоли ноҳия Ш.Нуридионов ва А.Раҳимов ба Душанбе парвоз намуда, бо роҳбари якуми ҷумҳурӣ Маҳкамов Қ.М. мулоқот кардем, ӯро бовар кунонидем, ки ба ин фишорҳо дода нашавад ва иҷлосия ба таъхир андохта шуд.
«Беҳтараш истеъфо медиҳам, аммо муқобили иродаи халқи худ намеравам!»
Дар мавриди ин ки чӣ тавр соли 1989 котиби КМ ҲКИШ Гиренко Андрей Николаевич бо супориши бовар кунонидан ва маҷбур намудани тарафи Тоҷикистон барои имзо кардани он протоколи наҳс ба минтақа омад, вале аз тарафи раиси ҳукумати ҶШС Тоҷикистон Ҳаёев Иззатулло Ҳаёевич ҷавоби сазовор гирифт.
Тарафдорони имзо намудани протокол охирин кӯшишро ба харҷ доданд. Бо хоҳиши тарафи Қирғизистон ва бо супориши котибии генералии КМ ҲКИШ М.С.Горбачёв тирамоҳи соли 1989 Гиренко Андрей Николаевич, аъзои бюрои сиёсӣ, котиби КМ ҲКИШ, шахси бисёр баландмартаба ба минтақа омад. Вазифаи ӯ ба ҳар роҳе ки набошад бовар кунонидан ва маҷбур намудани Тоҷикистон ба эътироф кардани ин протколи наҳс буд.
Азбаски ташаббускори омадани ӯ ҳамсояҳоямон буданд, вай ба Ботканд омад, ӯро ҳамаи роҳбарони Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамроҳӣ мекарданд ва моро низ ба он ҷо даъват карданд. Ба Исфара котиби якуми ҲК ҷумҳурӣ - Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович, раиси ҳукумат - Ҳаёев Иззатулло Ҳаёевич парвоз карда омаданд. Дар ин сафар ба Ботканд ҷиҳати вохӯрӣ бо ҷаноби Гиренко А.Н. ва роҳбарони Қирғистон Орипов М.О. - муоваини якуми кумитаи иҷроияи вилояти Ленинобод ва роҳбарони Исфара: Г.С. Савридинова - котиби якуми Кумитаи шаҳрӣ ва ман - раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ низ ҳамроҳ будем.
Вохӯрӣ бо Гиренко А.Н. дар бинои кумитаи ҳизби шаҳрии Ботканд, ҳоло бинои маъмурии вилояти Ботканд баргузор шуд
Гиренко А.Н. баробари шурӯъ шудани вохӯрӣ ба Ҳаёев И.Х. фишор овард.
Гиренко бо лаҳни омирона аз ӯ пурсид:
- Чаро протоклро имзо накардӣ?
- Халқ розӣ нест, - ҷавоб дод Иззаттулло Ҳаёевич.
- Агар ту халқи худро розӣ карда натавонӣ, пас ба истеъфо бирав, - таҳдид кард Гиренко А.Н., ки ин боиси ба хашм омадани Иззатулло Ҳаёевич гардид.
Вай аз ҷой бархоста бо дасташ ба рӯйи миз зад ва ҷавоби сазовор дод:
- Ту маро бо истеъфо натарсон! Ман омодаам, ки ҳамин ҳоло истеъфо диҳам, вале муқобили иродаи халқи худ намеравам, ва шумо ҳаргиз маро барои имзо кардани ин протокол маҷбур карда наметавонед!
Масъалаи имзо кардани ин протокол он замон пӯшида шуд, қарор қабул карданд, ки комиссияи нав ташкил карда шавад. Аз тарафи Тоҷкистон онро Сафаралӣ Кенҷаев роҳбарӣ мекард. Ҳайат ҷаласи якуми худро тобистони соли 1990 дар шаҳри Исфара доир кард, вале бо сабаби воқеаҳои маълуми ибтидои солҳои 90 - ум он амалан аз фаъолият бозмонд.
Санади чаҳорум
Санади чаҳорум нишон медиҳад, ки Ворух ҳеч гоҳ анклав набуд ва таърихан ҳудуди он мустақиман ба ноҳияи Исфара пайваст буд.
Боз як санади дигар мавҷуд аст, ки ҳақ будани тарафи Тоҷикистонро исбот мекунад. Дар давраи низои тӯлонии соли 1989 бо супориши Шӯрои Миллатҳои Шӯрои Олии ИҶШС ба Исфара ҳайати обрӯманди депутатӣ иборат аз се депутати Шӯрои Олии ИҶШС барои муайян кардани вазъият ва таҳия намудани пешниҳодҳои зарурӣ ҷиҳати ҳаллу фасли буҳрони тӯлонӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон фиристода шуд.
Ин гурӯҳро депутати Шӯрои Олии ИҶШС, роҳбари вилояти Гуревскийи Қазоқистон роҳбарӣ мекард.
Дар ҷамъбасти сафари худ, баъди омӯхтани тамоми асноди бойгониии Москва, гурӯҳи депутатӣ хулосае пешниҳод кард, ки ҳақ будани тарафи Тоҷикистонро дар мавриди барқарор сохтани адолати ҳудудӣ ҳангоми тақсимоти ҳудуд байни ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Қирғизистон тасдиқ мекард. Ҳамчунин дар хулоса гуфта мешуд, ки Ворух ҳеч гоҳ анклав набуд ва таърихан бевосита бо ноҳияи Исфараи тариқи ҳудуди Тоҷкистон пайваст буд.
Гузаштҳои Тоҷикистон
Дар мавриди он ки тарафи Тоҷкистон аз соли 2007 чӣ гузаштҳое кард ва чӣ тавр тарафи Қирғизистон аз муносиботи неки ҳамсоягии Тоҷикистон истифода кард. Чӣ тавр замини қирғизҳоро аз бумбаст бароварданд ва кадом фишангҳоро кишвари ҳамсоя истифода мекунад.
Аз миёнаҳои солҳои 2000-ум ин масъала аз сари нав доғ шуд. Ноҳияи Лайлаки Қирғизистон бинобар мавқеи ҷуғрофиаш ҳамеша аз роҳҳо ва дигар инфрасохтори ноҳияи Исфара истифода мекард, то ин ки ба қисмҳои дигари вилояти Боткент пайваст шавад. Тарафи Қирғизистон аз Тоҷикистон дархост кард, ки иҷозат бидиҳад то барои пайвастани ноҳияи Ботканд бо деҳаи Самарқандак ва минбаъд бо ноҳияи Лайлак даҳлез сохта шавад.
Бо мақсади нигоҳ доштани муносиботи дӯстона ва неки ҳамсоягӣ Тоҷикистон соли 2007 барои сохтмони роҳ аз тариқи ҳудуди худ иҷозат дод ва қитъаи заминеро бо дарозии 272 метр ба муҳлати 49 сол ба ҳамсояҳо иҷора дод.
Тарафи Қирғизистон аз тариқи ин қитъа роҳ сохт, ноҳияи Лайлакро аз бунбасти коммуникатсионӣ баровард ва пас аз ин даъвоҳои ҳудудӣ ва фишорҳои он ҷониб болои сокинони деҳоти Ворух афзуданд.
Зуд-зуд бастани роҳи автобиобилгарди Ворух - Исфара, ки як қитъаи он аз байни деҳаи Оқ-Сой мегузарад, аз тарафи сокинони гапношунави қирғиз муд шуд.
Чунон ки мегӯянд, иштиҳо дар вақти хӯрдан меояд. Пас аз ба даст овардани иҷозат барои ташкили даҳлез, ки ду ноҳияи Қирғизистонро васл кард, ҳамсояҳо саросемавор сохтмони роҳи Ботканд-Оқ-Сой-Тамдиқ ва минбаъд то саргаҳи дарёи Каравшин, ки қисман аз тариқи ҳудуди Тоҷикистон мегузарад, шурӯъ карданд.
Ҳамсояи «дӯст» ба сифати фишанги фишороварӣ гаравгонгирии аҳолии 35 ҳазорнафараи Ворухро бо роҳи бастани роҳи мошингарди Ворух - Исфара шурӯъ кард, ки то ҳол боиси сар задани низоъҳои сершумор ва талафоти ҷуброннопазир дар байни аҳолии осоишта мегардад.
«Беҷазоӣ бемасъулиятӣ ба бор меорад!»
Дар мавриди ин ки ташаббускори ҳамаи низоъҳо сокинони кишвари ҳамсоя ва ҷабрдидаҳо доимо тоҷикон мебошанд ва чанд нафар дар низоъҳо ҳалок шудаанду чаро мо талаб намекунем, то гунаҳкорон ҷазо дода шаванд.
Дар охири соли 2019 як собиқ роҳбари хадамоти махсуси давлати ҳамсоя дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромад кард ва гуноҳи тамоми низъоъҳои байни сокнинони ноҳияҳои Исфара ва Ботканд рухдодаро ба сари сокинони Тоҷикистон бор кард.
Ман, ҳамчун шоҳиди бевоситаи ин ҳодисаҳо аз соли 1974, мехоҳам қайд кунам, ки ташаббускори қариб тамоми ин низоъҳо сокинони тарафи ҳамсоя ва ҷабрдидаҳо ҳамеша тоҷикон буданд: ҳам дар низоъи соли 1974, ҳам соли 1989, ҳам соли 2014 ва оғози соли 2019.
Ва мутаассифона, ҳалокшудагон дар натиҷаи ин низоъҳо сокинони деҳоти Ворух, Хоҷаи Аъло, ва Чоркӯҳ буданд. Мутобиқи ҳисобҳои тахмаинии ман дар ин низоъҳо на камтар аз 17 нафар сокинони осоишта ҳалок шуданд. Аммо ман дар хотир надорам, ки пас аз ин ҳодисаҳои хунин гунаҳкорони куштори шаҳрвандони осоишта муайян ва ба ҷавобгарӣ кашида шуда бошанд.
Шаби 20 августи соли 2013 шаҳрвандони Қирғизистон ҷинояти қабеҳтаринро нисбати сокнинои осоиштаи Чоркӯҳ содир карданд. «Шербачаҳои» қирғиз як оилаи тоҷикро ба шумули занҳо ва кӯдакон, ки дар бошишгоҳи саҳроии совхози тоҷикон, воқеъ дар назди деҳаи Самарқандек, ғарқи хоби осоишта буданд, ба пуррагӣ буғӣ карда куштанд. Ҷинояткоронро ёфтанд ё не, ҷазо доданд ё не? Ба ҳар ҳол мо намедонем!
Соли 2019 ҳангоми низоъи навбатӣ ду сокини деҳаи Ворух ва сокини деҳаи Хоҷаи Аъло кушта шуданд. Он вақт ман ба намояндагони ҳайатамон пешниҳод кардам, ки то замоне тарафи Қирғизистон қотилони шаҳрвандони моро муайян ва ба ҷавобгарӣ накашад, бо ҳамсояҳо сари мизи музокирот нашинанд.
Бояд фикр кард! Беҷазоӣ бемасъулиятиро ба бор меорад!
Бояд қайд кард, ки тоҷикон ҳеч гоҳ ба ҳамсояҳояшон бо силоҳ ҳуҷум накардаанд, вале мақомоти ҳифзи ҳуқуки Қирғизистон, аз тариқи Интерпол сокниони комилан бегуноҳи Ворухро дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ эълон мекунанд. Ин як далели дигар барои андеша кардан аст.
Танҳо роҳи сулҳомез!
Ба ҷойи хулоса
Ман ҳамчун собиқадори хизмати давлатӣ, ҳамчун иштирокчии тамоми воқеъаҳои охири солҳои 80-ум, 90-ум ва ибтидои соҳои 2000-ум роҳи дигареро ба ғайр аз муносибати сулҳомез, ҳамсоягии нек ва дӯстии байни ду халқамон намебинам ва Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ пайваста моро ба ин кор даъват мекунад.
Изҳори умедворӣ мекунам, ки аъзоёни ҳайатҳои байниҳукуматӣ аз ҳар ду тараф, бо ба инобат гирифтани ҳисси масъулиятшиносӣ дар пешгоҳи насли камолёбанда, дар сатҳи баланди касбӣ, бо роҳи гузаштҳои мутақобила барои ҳаллу фасли ихтилофоти мавҷуда, барқарор сохтани ҳақиқати таърихӣ, муносиботи қадимаи неки ҳамсоягӣ байни халқҳои тоҷик ва қирғиз дар минтақаи мо то ҳадди имкон кӯшиш ва талош хоҳанд кард!