Дар шаҳри Душанбе рӯзи 20 июн гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид. Ҳайатҳоро муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини нахуствазири Ӯзбекистон Улуғбек Розиқулов сарварӣ карданд.
Дар вохӯрӣ тоҷирону соҳибкорони ҳарду кишвар ширкат варзида, ба намояндагони ҳукуматҳо пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати рушди муваффақонаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо, низоми раводид (визаи)-и соли 2000-ум ҷоришуда байни давлатҳо бекор ё соддатар карда шавад.
Зикр гардид, ки айни замон дар марзи кишварҳо ду гузаргоҳи назоратӣ амал мекунад ва дар ин робита тоҷирон масъалаи ифтитоҳи гузаргоҳҳои иловагиро ба миён гузоштанд.
Ғайр аз ин, ҳамчунин пешниҳод шуд, ки арзиши билетҳои ҳавопаймоӣ ба хатсайрҳо миёни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд поин бурда шавад.
Дар гуфтушунид ҷонибҳо доир ба роҳу воситаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар бахши иқтисод ва сармоягузории мутақобила баҳри рушди иқтисоди кишварҳо табодули назар намуданд.
Зимни вохӯрӣ бо изҳори қаноатмандӣ зикр шуд, ки ахиран ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳоли афзоиш аст: танҳо тӯли 5 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми он беш аз 70 млн. долларро ташкил додааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки давоми тамоми соли 2016 ин нишондиҳанда каме бештар аз 69 млн. долларро ташкил дода, дар қиёс бо соли 2015 қариб 6 маротиба зиёдтар аст.
Ёдрас мекунем, ки ояндаи наздик дар қаламрави мавзеи колхози «Росия»-и шаҳри Душанбе сохтмони маркази фурӯши автомашинаҳои сабукрави тамғаи «Равон»-и истеҳсоли Ӯзбекистон оғоз мегардад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.