Шумори корбарони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон аз оғози соли равон қариб 1,4 млн. нафар кам шудааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ, нимсолаи аввали соли равон шумори умумии истифодабарандагони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон беш аз 7,3 млн. нафар (аввали соли 2017 - беш аз 8,7 млн. нафар)-ро ташкил додааст.

Ҳамчунин шумори муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ низ коҳиш ёфта, агар аввали соли равон шумори онҳо 4,4 млн. нафарро ташкил дода бошад, пас нимсолаи аввали соли равон ин шумор то беш аз 4,3 млн. нафар расидааст.

Қобили зикр аст, ки давоми соли 2016 шумори корбарони алоқаи мобилӣ  ба миқдори 2,5 млн. нафар ва шумори муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ - 800 ҳазор нафар коҳиш ёфт.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Хадамоти алоқа, нимсолаи аввали соли ҷорӣ шумори корбарони шабакаи интернет ҳамроҳ бо интернети мобилӣ 2,3 млн. нафар (аввали сол - 2,6 млн. нафар)-ро ташкил додааст.

Коҳиши шумори муштариёни алоқаи мобилӣ ва корбарони интернет дар Тоҷикистонро дар Хадамоти алоқа ба ҳеҷ гунае шарҳ намедиҳанд, вале чанде аз коршиносони мустақил сабаби онро ба болоравии тарифҳо ва бад шудани сифати хизматгузориҳо нисбат медиҳанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.