Размикорони тоҷики ММА Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров рӯзи 22 июни соли 2024 дар мусобиқаи UFC FIGHT NIGHT дар Арабистони Саудӣ иштирок мекунанд.

Дар қувваозмоиҳои пешакӣ (кард) Муҳаммад Наимов дар вазни нимасабук  бо Мелсик Багдарсарян аз Арманистон ва Муин Ғафуров дар вазни сабуктарин бо намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Кун Хо Канг рақобат мекунанд.

Рақобати охиринро Муҳаммад Наимов дар мусобиқаи UFC рӯзи 25 феврали соли 2024 дар Мехико гузаронида, хеле зуд бар Эрик Силва аз Венесуэла дастболо шуд.

Муин Ғафуров рақобати охирини худро моҳи октябри соли 2023 бо Саид Нурмагомедов баргузор намуда, ба шикаст дучор шуд.

UFC ташкилоти бузурги байнулмлалии варзишӣ оид ба муҳорибаҳои омехта дар шарикӣ бо Сарраёсати фароғати Шоҳигарӣ (GEA) рӯзи 22 июн мусобиқаи аввалини худро барпо мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар ин мусобиқа хабарнигори Asia-Plus низ ширкат варзида, дар бораи рӯйдодҳоигавқовари он хабару гузориш медиҳад.

Рӯйдоди асосии ин чорабинӣ қувваозмоӣ байни Роберт Уиттакер ва Хамзат Чимаев мебошад. Собиқ қаҳрамони ҷаҳон дар вазни миёна Уиттакер (26-7-0, Австралия) ба Октагон бармегардад, то ки ба силсилаи ғалабаҳо дар қувваозмоии деринтизор дар Ар-Риёз бо Хамзат Чимаев идома бахшад.

Чимаев (13-0-0, АМА) талош дорад, мағлубнашуда боқӣ монда, дар вазни миёна ба зинаҳои болотар барояд. Бори охир Чимаев дар UFC 294 бар собиқ қаҳрамони ҷаҳон Камар Усмон дастболо шуда буд.

Дар доираи нахустин дар таърих мусобиқаи UFC дар Арабистони Саудӣ мухлисон ҳамчунин шоҳиди рақобати размикорон дар вазни гарон - Павлович (18-2, Русия) ва Александр Волков (37-10) хоҳанд шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.