Бонки осиёгии рушд (БОР) ояндаи наздик ният дорад, ки барои беҳбуди вазъи обтаъминкунии шаҳри Душанбе ба сифати грант 41 млн. доллар маблағ ҷудо кунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, дар ин бора зимни вохӯрии муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ва роҳбари гурӯҳи татбиқи Лоиҳа, сармутахассиси БОР оид ба инфрасохтори шаҳрдорӣ Рамола Сингру изҳори назар шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили марбут ба расонидани кумаки техникиро дар доираи омодагӣ ба амалисозии Лоиҳаи "Беҳтаргардонии обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ дар шаҳри Душанбе" баррасӣ карданд.

Лоиҳаи мазкур дар бахши шаҳрдории Тоҷикистон нахустин хоҳад буд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ ба барқарор намудани иншооти обтаъминкунӣ ва обу корез (канализатсия) равона гардида, ба беҳбуди сатҳи устуворӣ нисбати таъсири иқлим ва таҳкими имконоти ниҳодии КВД «Обу корези Душанбе» мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи мазкур бо кумаки техникии Бонки осиёгии рушд ба маблағи 650 ҳазор доллар мавриди таҳия қарор дорад. Арзиши умумии лоиҳа наздики 41 млн. долларро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби БОР ба сифати грант пешниҳод мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.