Соли 2019 афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 5%-ро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 2 банди фоизӣ зиёдтар аст, гуфта мешавад дар гузориши навшудаи World Economic Outlook.

Коршиносони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пешгӯӣ кардаанд, ки соли 2020 афзоиши ММД Тоҷикистон то 4,5% поин меравад.

Сатҳи нисбатан баланди афзоиши ММД соли 2019 байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил (ИДМ) дар Туркманистон – 6,3% пешгӯӣ шудааст.

Сатҳи афзоиши ММД дар Тоҷикистону Ӯзбекистон – 5%-ӣ, Қирғизистон – 3,8%, Қазоқистон – 3,2%, Арманистон ва Гурҷистон – 4,6%-ӣ, Молдова – 3,5%, Украина – 2,7%, Беларус – 1,8% ва Русия – 1,6% пешбинӣ шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон имсол аз 7% афзоиши иқтисод дар ҷумҳури интизорӣ дорад.

Иқтисодчиёни ХБА афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2018 низ дар сатҳи 5% пешгӯӣ карда, лекин аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти сол мувофиқи маълумоти оморӣ, он 7%-ро ташкил дод.

Пешгӯиҳои ХБА
манбаъ: гузориши World Economic Outlook

Қобили зикр аст, ки дар гузориши чанде қабл интишоршудаи Бонки осиёгии рушд “Гузориши рушди Осиё” барои иқтисоди Тоҷикистон соли 2019 – 7% ва соли 2020 – 6,5% сатҳи рушд пешгӯӣ мешавад.

Ба туфайли боқӣ мондани сармоягузориҳои назарраси давлатӣ ва афзоиши ҳаҷми интиқоли пул, афзоиши баландтарин дар Тоҷикистон пешгӯӣ шудааст.

Бинобар сабаби понравии нархи нафт ва маҳдуд шудани истихроҷи он, афзоиши пасттарин (3,5% - дар соли 2019 ва 3,3% - дар соли 2020) дар Қазоқистон пешбинӣ гардидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.