Раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) умедвор аст, ки ба “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” баҳри солимгардонии фаъолият ҷалби сармоягузорӣ муяссар мегардад.

“Мо ба муфлис эълон шудани “Тоҷиксодиротбонк” ва “Амонатбонк” манфиатдор нестем, - гуфт зимни ншасти хабарии имрӯза дар Душанбе раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода. - Одамон бовар доранд ва мо ҳам умедворем, ки ба ин бонкҳо дарёфт ва ҷалби сармоягузорӣ муяссар хоҳад гашт”.

Бино ба гуфтаи Нурмаҳмадзода, раҳбарияти “Тоҷиксодиротбонк” дар Чин қарор дошта, дар бораи ҷалби сармоягузорӣ ду қарордоди пешакӣ ба имзо расонидааст.

Ӯ таъкид дошт, ки раҳбарияти “Агроинвестбонк” низ дар пайи ҷустучӯи сарчашмаҳои сармоягузорӣ аст.

Раиси БМТ илова намуд, ки ин бонкҳо айни замон мувофиқи имкон ба баргардонидани амонатҳои мизоҷон машғуланд.

Қобили зикр аст, ки соли 2016 ин бонкҳо ба вазъи душвори молиявӣ дучор шуда, бо ин сабаб дигар мунтазам аз иҷрои уҳдадориҳояшон назди мизоҷони худ баромада наметавонистанд.

Аввали соли 2017 ҳукумат тасмим гирифт, ки бо пешниҳоди қарз бонкҳои нисбатан бузург - Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро дастгирӣ мекунад. Ин бонкҳо то охири соли 2021 бояд воситаҳои ҳукуматро баргардонанд, ки бояд ба сармоягузориҳои иловагӣ иваз шавад.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар мавриди масъалаи ҷалби сармоягузориҳо аз Чину Арабистон гуфтушунидҳои “Тоҷиксодиротбонк” ҷараён доранд.

Ғайр аз ин, доир ба гуфтушунидҳо  бо дигар сармоягузорони хориҷӣ – бонкҳои русиягии ВТБ ва Сбербанк, “Казкоммерсбонк”-и Қазоқистон, сохторҳои тиҷоратии Гонконг, Словакия ва Малайзия дар ин хусус низ маълумот дода шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.