Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода пешниҳод кард, заминҳое, ки дар он чандин сол инҷониб фермерҳои Чин пахтаву зироати полезӣ ва сабзавоту мева парвариш мекунанд, мавриди ташхис қарор бигиранд.
“Имрӯз мо ба ваҷд меоем, ки кишоварзони Чин дар заминҳои корами иҷорагирифтаашон дар чанде аз ноҳияҳои вилояти Хатлон аз як гектар 65-67 сентнер ҳосили пахта мегиранд, аз деҳқонони тоҷик даъват мекунем, ки аз онҳо ибрат гиранд, таҷрибаи ҳамтоҳои чинии худро омӯзанд. Аммо касе андеша намекунад, ки оянда ҳоли ин қитъаҳои замин чӣ мешавад”, - изҳор дошт Саидҷаъфар Усмонзода имрӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ.
Ӯ пешниҳод кард, ки сохторҳои марбутаи Тоҷикистон вазъи заминҳои иҷорагирифтаи чиниҳоро пайгириву ташхис кунанд.
“Санҷидан лозим аст, ки онҳо чӣ гуна маводи кимиёвӣ истифода мекунанд. Оё баъд аз рафтани онҳо мо аз ин заминҳо ягон ҳосил ба даст оварда метавониста бошем”, - иброз дошт вакил.
Вай афзуд: “Имрӯз аллакай ба туфайли тухмиҳои аз Чин ба кишвар воридшуда таъми пешинаи помидору бодиринг гум шудааст”.
“Дар ташвишам, ки шафтолу ва себи тоҷикӣ низ ҳамин хел мешаванд”, - таъкид дошт Усмонзода.
Суханронии пурэҳсоси вакил дар ҳоле ҷараён гирифт, ки имрӯз парлумон бо пешниҳоди ҳукумат корхонаи муштараки «Ҷунтай Хатлон син сулу»-и Тоҷикистону Чин ва ҶСК “Водии заррин”-ро, ки ба парвариши пахта дар қаламрави вилояти Хатлон машғуланд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷҳои гумрукӣ озод кард.
Вакилон розӣ шуданд, ки зимни воридоти пойгоҳҳои обкашӣ, қубурҳои пластикӣ, зеристгоҳҳои энергетикӣ ва таҷҳизот барои онҳо ин корхонаҳо аз пардохти ААИ ва боҷҳои гумрукӣ озод карда шаванд.
Ба вакилон хабар доданд, ки номгӯй ва шумораи таҷҳизоти мазкур аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.