Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-марти соли равон 1 млрд 36 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5% зиёдтар мебошад.
Тавре Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, каср (камбуд)-и гардиши савдои ҷумҳурӣ (бартарияти воридот нисбат ба содирот) 266,8 млн долларро ташкил медиҳад.
Семоҳаи аввал содироти мол ба маблағи наздики 205 млн доллар анҷом дода шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 16,1% ё худ қариб 40 млн доллар камтар аст.
Маҳсулоти Тоҷикистон имсол дар навбати аввал ба Туркия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон содирот шудааст.
Асосан маҳсулоти минералӣ (40,5% аз ҳаҷми умумии содирот), маҳсулот ва маснуоти нассоҷӣ (27,2%), фулузоти арзон ва маснуот аз он (25,7%) ба хориҷи кишвар бароварда шудааст.
Семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 831 млн доллар молу маҳсулот ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 15,5% ё худ 111 млн доллар бештар аст.
Воридкунандагони асосии молу маҳсулот ба Тоҷикистон дар ин давра Русия, Қазоқистон ва Чин мебошанд.
Аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон маҳсулоти минералӣ (20,2% аз ҳаҷми умумии воридот), маҳсулоти саноати кимиёвӣ (10,1%), фулузоти арзон ва маснуот аз он (10%), маҳсулоти рустанӣ (9,5%) ва ғайра ворид карда шудааст.
Нисфи ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон дар ин давра ба Русия ва Қазоқистон рост меояд: ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Русия беш аз 260 млн доллар ва Тоҷикистону Қазоқистон – ҳудуди 255 млн долларро ташкил дод.
Тӯли се моҳи соли 2020 ҳаҷми савдо бо Чин ба андозаи 16% афзуда, 137 млн долларро ташкил додааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.