Коршиносони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) сустшавии афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро ба коҳиши интиқоли маблағ аз ҷонби муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат медиҳанд.

Дар гузориши нави БАОР дар ин робита қайд мешавад, ки маблағҳои интиқолмедодаи муҳоҷирони корӣ ба ҳудуди 30%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон баробар аст.

Мувофиқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, афзоиши воқеии ММД-и ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали ҳамин сол 3,5%-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи гузашта 4% камтар аст.

Нимсолаи аввали соли 2019 афзоиши воқеии ММД Тоҷикистон, тибқи маълумоти расмӣ 7,5%-ро ташкил дода буд.

Раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон қаблан зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки давоми 6 моҳи соли ҷорӣ муҳоҷирон ба Тоҷикистон 999 млн доллар пул интиқол доданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 15% камтар мебошад.

Тибқи маълумоти Бонки мрказии Русия, маблағи умумии интиқоли пули шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-марти соли равон 359 млн долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (462 млн доллар) ба миқдори 22,3% (103 млн доллар) камтар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, бар асари пандемия шумори муҳоҷиратро ихтиёркардагон аз ҳисоби шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввал 57% кам шудааст.

Мувофиқи маълумоти расман тасдиқношуда, аз аҳолии зиёда аз 9 млн нафараи Тоҷикистон беш аз 1 млн нафар дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки “Азия-Плюс” дар ҳамдастӣ бо “Алиф Бонк” сервиси нав оид ба интиқоли маблағро роҳандозӣ намуданд - пулро метавон аз як корт ба корти дигар ва ҳамёнҳои электронӣ БЕ КОМИССИЯ фиристод - asiaplus.intiqol.tj

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.