Моҳи март дар Тоҷикистон ҳавои салқин ва боридани борону барф, инчунин эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо суръати шамол пурзӯр мешавад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Дар водиҳои вилояти Хатлон ҳарорат аз меъёри маъмулӣ пасттар мешавад. Рӯзона ҳарорат аз 9 то 14 дараҷа ва шабона - 2-3 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо рӯзона ҳарорати аз 4 то 9 дараҷа гарм ва шабона - аз 2 то 7 дараҷа хунук пешгӯӣ мешавад. Дар охири моҳ ҳарорат метавонад то 20-25 дараҷа гарм боло рафта, лекин борону раъду барқ бисёр шуда, суръати вазиши шамол то 12-17 м/сония мерасад.
Дар вилояти Суғд ҳарорат каме пасттар аз меъёр пешбинӣ мешавад. Рӯзона дар водиҳо ҳарорат аз 6 то 11 дараҷа гарм ва шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм дар назар аст. Дар кӯҳҳо рӯзона ҳарорати аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва шабона аз 6 то 11 дараҷа хунук пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо бахусус дар кӯҳҳо боридани борону барф дар назар буда, сураъти вазиши шамол то ба 17-22 м/сония мерасад.
Дар Ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ ҳарорат рӯзона аз 2 то 14 дараҷа гарм ва шабона - то 8 дараҷа хунук мешавад. Дар давоми моҳ обуҳавои тағйирёбанда ва бисёр боридани борону барф дар назар аст.
Дар ноҳияҳои шарқи ВМКБ ҳарорати аз меъёр аст - аз 4 то 8 дараҷа хунук пешгӯӣ мешавад. Аввали моҳи март ҳарорат хеле паст - шабона то 25 дараҷа ва рӯзона - аз 4 то 9 дараҷа хунук пешбинӣ мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ ҳарорат каме баланд - то 0-8 дараҷа гарм шуда, лекин шабона ҳарорати то 11 дараҷа хунук пешбинӣ шудааст. Дар ин ноҳияҳо суръати вазиши шамол то ба 15-20 м/сония мерасад.