Мо аввалин шуда дар Тоҷикистон лоиҳаи муштараки инноватсионии сервиси интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон - https://asiaplus.intiqol.tj/-ро роҳандозӣ мекунем. Ин лоиҳаи бемисли шарикиест, ки фаврӣ амал карда, дар реҷаи 24/7 фаъолият мекунад.
Масъулияти иҷтимоӣ доштан дар навбати аввал, ба ғамхорӣ нисбати манфиатҳои ҷомеа ва одамони одӣ водор мекунад. Маҳз барои ҳамин “Азия-Плюс” ва “Алиф Бонк” бо пайгирӣ аз самти иҷтимоии худ сервиси www.asiaplus.intiqol.tj-ро фаъол мекунанд, ки ба манфиати муҳоҷирони кории тоҷик ва дигар ҳамватанони муқими Русия равона шудааст.
Имрӯз дар Русия беш аз 1 млн нафар тоҷикистониён кору зиндагӣ мекунанд. Интиқоли пул аз ҷониби онҳо ҳиссаи зиёди воридоти асъорро ба иқтисоди кишвари мо таъмин карда, барои рушди ҷамъият нақши назаррас дорад. Аз ин рӯ, таъмини одамон бо воситаи қулай ва муфид барои интиқоли маблағ ба ватан хеле муҳим аст.
“asiaplus.intiqol.tj - тасмими бесобиқаи бонкист, ки ба тағйири пурраи тарзу усули анҷоми амалиёти интиқоли пул дар бозори молиявии Тоҷикистон равона шудааст. Сирри комёбии технологӣ дар он ифода меёбад, ки қулайу бароҳат ва дастрас будан барои мизоҷон дар бонки мо аз афзалияти муҳим шуморида мешавад. Ва мо бо камоли мамнуният дар бораи роҳандозии аввалин дар кишвар сервери бепули интиқоли маблағ - навгонии бисёрсоҳавӣ хабар медиҳем, ки дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” таҳия шуд”, - мегӯяд раиси ҶСК “Алиф Бонк” Абдулло Қурбонов.
Ба гуфтаи директори генералии гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” Умед Бобохонов, наздики 35-40%-и хонандагони сомона ва шабакаҳои иҷтимоии расонаҳоро корбарон аз Русия ташкил медиҳанд, ки ҳар моҳ ба ҳудуди ним миллион шаҳрвандони мо рост меояд.
- Дар ҳамкорӣ бо “Алиф Бонк” - яке аз пешсафони бозори ватании fin-tech аз оғози амалисозии лоиҳа хушнудем. “Азия-Плюс” мудом ба ҳаёти муҳоҷирони корӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барояшон маълумоти муфиди зарурӣ пешниҳод намояд, то ки ба беҳтар шудани зиндагиашон дар мулки бегона ва ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат кунад. Яке аз чунин иқдомҳои мо - лоиҳаи муштарак бо “Алиф Бонк” аст.
Ба фикрам, ин намунаи хуби ҳамкории муфид аст, зеро “Алиф Бонк” тасмими қулайи инноватсионии интиқоли пул дошта, “Азия-Плюс” шумори хеле зиёди корбароне дорад, ки ин қарор барои онҳо ҳаётан зарур аст.
Мутмаинам, ки ҳамкории мо пурсамар сурат гирифта, ба дастгирии муҳоҷирон ва рушди иқтисоди миллӣ саҳми босазо мегузорад, - қайд кард ӯ.
Сервис аз кадом лиҳоз муфид аст?
Сервиси www.asiaplus.intiqol.tj ба интиқоли фаврӣ аз ҳама гуна корти бонкии Русия (Visa/MasterCard/МИР) ба Тоҷикистон ба ҳама гуна кортҳои “Корти миллӣ” ва ҳамёнҳои alif.mobi-и натанҳо “Алиф Бонк”, балки дигар ташкилотҳои қарзии кишвар имкон медиҳад.
Маблағ дар муддати якчанд сония ва бе ягон комиссия ба корт гузаронида мешавад. Маблағи интиқол ва 30 то 50 ҳазор рублро ташкил дода метавонад. Рӯзона маҳдудият нест.
Бартарии асасии ин портал кор тариқи онлайн дар реҷаи 24/7 аст. Лекин асосиаш дар он аст, ки барои интиқоли пул ба шуъбаи бонкӣ рафтану гузаштани маблағро интизор шудан лозим нест. Кофист, ки ба сомонаи www.asiaplus.intiqol.tj дохил шуда, якчанд тугма ё аломатҳоро пахш намоед. Дигар тамом! Маблағ дарҳол ба суратҳисоби гиранда дар Тоҷикистон мегузарад.
Бисанҷед, албатта писандатон хоҳад омад!
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.