Фаъолияти Раёсати андоз дар вилояти Суғд ва нозиротҳои андоз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар 11 моҳи соли 2020, дар маҷмӯъ, ба талабот ҷавобгӯ нест, изҳор медорад раҳбарияти Кумитаи андози ҷумҳурӣ.
Дар ин робита муовини раиси Кумитаи андоз Бахтиёр Султон зимни чорабинӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти андозчиёни ин минтақа ба онҳо дастур дод, ки барои сифатан таъмин намудани уҳдадориҳои хизматӣ вобаста ба иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ чораҳои иловагӣ андешанд, хабар медиҳад нашрияи “Боҷу хироҷ”-и Кумитаи андоз.
Раёсати андози минтақаи шимоли кишвар ба дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ уҳдадор карда шуд.
Бино ба маълумоти Кумитаи андоз, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ андозчиёни вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба андозаи 5,4% камтар аз нақша иҷро карданд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки дар 11 моҳи соли 2020 иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар вилояти Суғд, дар маҷмӯъ, 94,6% таъмин гардида, ба ҷойи 2 млрд 694 млн сомонии пешбинишуда, ба буҷет 2 млрд 548 млн сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 146,2 млн сомонӣ кам мебошад.
Қобили зикр аст, ки вилояти Суғд яке аз бузургтарин минтақаҳои Тоҷикистон бо соҳаи саноати нисбатан рушдёфта мебошад. Маблағи аз пардохти андоз ҷамъоварда дар ин минтақа ба ҳисоби миёна 35% аз ҳаҷми умумии андозҳои ба буҷет воридмешударо ташкил медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, наздики 70% аз даромадҳои Буҷети давлатии Тоҷикистон ба воридоти маблағҳо аз пардохти андоз рост меояд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.