То 1 декабри соли 2020 дар Тоҷикистон зиёда аз 989 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

Ин нишондиҳанда 5 ҳазор тонна камтар нисбат ба соли 2019 аст. Ин ҳаҷми соли 2020 танҳо маълумоти 11 моҳро дар бар мегирад, аз ин рӯ, эҳтимол меравад, ки бо назардошти маълумоти моҳи декабр, ҳаҷми он зиёдтар мешавад.

Меъёри тавсияшудаи истеъмоли картошка дар Тоҷикистон 92 кило дар як сол ва шумори аҳолии кишвар ҳудуди 9,5 млн нафарро ташкил медиҳад.

Аз ин бармеояд, ки метавон пешбинӣ кард, ки талаботи солонаи аҳолии кишвар ба 874 ҳазор тонна баробар аст.

Ҳаҷми воқеии истеъмоли картошка дар ҷумҳурӣ барои 1 нафар дар як сол 130 кило арзёбӣ мешавад. Дар ин ҳолат талаботи умумии аҳолӣ дар як сол то 1 млн 235 ҳазор тонна боло меравад.

Ёдрас мекунем, ки баҳори соли 2020 дар Тоҷикистон 994 ҳазор тонна картошка истеҳсол шуда, лекин дар кишвар камбуди ин навъи маҳсулоти кишоварзӣ ба вуҷуд омад. Инро ба паҳншавии коронавирус ва баста шудани сарҳадҳо рабт доданд, ки қисмате аз маҳсулотро ворид кардан имкон надошт. Картошка ба Тоҷикистон маъмулан аз Русия, Покистон, Чин ва Ӯзбекистон оварда мешавад.

Табиист, ки камбуди картошка ба болоравии арзиши он боис гардид: тибқи маълумоти расмӣ, дар муқоиса бо аввали сол давоми 11 моҳи соли 2020 он ба андозаи 20,1% қимат шуд.

Аввали моҳи декабри соли гузашта 1 кило картошка дар пойтахт 3,50 сомонӣ ва дар саросари кишвар ба ҳисоби миёна - 4 сомонӣ нарх дошт. Нархҳои нисбатан пасттар дар водии Рашт - 2,80 сомонӣ ва баландтар дар ноҳияи Мурғоб - 6 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.