Гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахти Тоҷикистон аз оғози соли равон қариб ба андозаи 12,5% қимат шуд.
Як литр нархи ин сӯзишвории мошин имрӯз 4,5 сомонӣ нарх дорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки аввали соли равон он бо арзиши 4 сомонӣ фурӯхта мешуд. Суръати нисбатан баланди болоравии нархи он тайи ду ҳафтаи охир сурат гирифта, шояд ин ҷараён минбаъд низ идома ёбад.
Фурӯшандагони гази моеъ сабаби болоравии нархи онро афзоиши арзиши яклухти он дар кишварҳои содиркунанда маънидод мекунанд.
Дар Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон қайд мекунанд, ки ба таҳқиқу муайян кардани масъалаи то кадом андоза асоснок будани болоравии нархи гази моеъ машғуланд.
Бо вуҷуди дар ин бозор мавҷуд набудани ширкати ҳукмрон (доминант), Хадамот доимо арзиши ин навъи сӯзившориро месанҷад. Соли 2018 ҳукумат қарори махсусе қабул кард, ки мувофиқи он Хадамот метавонад нархҳоро ба молу маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ аҳаммиятнок, ки гази моеъ низ ба он дохил аст, танзим кунад.
Дар ҳамин ҳол, ронандагони автомашинаҳо аз мунтазам қиматшавии гази моеъ тайи ду соли охир изҳори нигаронӣ мекунанд.
“Соли 2018 як литр гази моеъ 2-2,2 сомони нарх дошт, - мегӯяд як ронандаи мусофиркаш. – Имрӯз нархи он ба 5 сомонӣ мерасад. Дар ин ҳолат мо маҷбур мешавем, ки ба истифодаи навъҳои маъмулӣ ва бештар сифатноки сӯзишвориҳо гузарем”.
Ӯ қайд кард, ки сабаби асосии аз гази моеъ ба истифодаи бензин гузаштани ронандагон дар он аст, ки тайи даҳсолаи охир гази моеъ нисбатан арзон буд, лекин қиматшавии минбаъдаи он ногузир ба он оварда мерасонад, ки аз истифодаи он даст кашидан лозим меояд.
Илова бар ин, қайд кард ронанда, барои ба истифодаи бензин гузаштан хароҷот ба насби таҷҳизоти махсус, ки барои газ зарур буд, лозим намеояд.
“Бо сабаби нархаш маҷбур будем, ки ба истифодаи газ рӯ оварем. Зимистон хароҷот ба газ нисбат ба бензин қариб 30% зиёд аст, бо газ ба кор даровардани муҳаррик хеле душвор мебошад, инчунин вақти ба баландиҳо ҳаракат доштан низ мушкилиҳо пеш меояд”, - илова кард ӯ.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 60%-и нақлиёти автомобилӣ ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.