Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 1,95 млрд доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,9% бештар аст.

Аз ин маблағ, 153,9 млн доллари ИМА сармояи мустақими хориҷӣ будааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттилоъ дода шуд.

Тибқи маълумоти Кумита, дар нимсолаи аввали соли 2024 дар кишвар 88 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 4,65 млрд доллар амалӣ шудааст.

Аз ин метавон хулоса кард, ки қисми асосии сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар аз ҳисоби буҷаи давлатӣ аст. Дар ҳоле, ки дар кишварҳои дигари минтақа ҳиссаи сармоягузорони хориҷӣ ва сармоягузории аҳоли бештар аст.

 

1/2

Ба иттилои Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Тоҷикистон низ дар самти ҷалби бештари сармояи мустақим тадбирҳои мушаххас меандешад. Ба гуфти ӯ, яке аз механизмҳои асосии ҷалби сармоя муаррифии имкониятҳои сармоягузории кишвар аст. Дар ин давра барои муаррифии дурусти имкониятҳои сармоягузорӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 8 форуми сармоягузорӣ-соҳибкорӣ дар хориҷи кишвар ташкил шудаанд. 

“Яке аз самтҳое, ки мо дар ин қисмат талошҳои худро зиёд карда истодаем, ин имкониятҳои сармоягузории сабз аст. Тамоюли имрӯзаи ҷаҳонӣ талаб мекунад, ки сармоягузорӣ сабз шавад, яъне лоиҳаҳое бояд сармоягузорӣ шаванд, ки дар рушди иқтисоди сабз саҳмгузоранд. Дар ин қисмат маҳз энергияи сабз нақши калидиро мебозад. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки Тоҷикистон барои ба кишвари сармоягузории сабз табдил ёфтан, тамоми имкониятҳоро дорад”, - изҳор дошт Раҳимзода. 

Самти дигар барои ҷалби сармоягузории бештар ба Тоҷикистон ин истихроҷу коркардаи маъданҳои табиӣ аст. Ба гуфтаи Султон Раҳимзода, Кумита дар ин самт низ кор карда истодааст ва барои бештар кардани сармоягузорӣ дар бахши коркарди маъданҳо ба истеҳсолкунандагон барои гирифтани “сертификати сабз” мусоидат мекунад. 

“Мис ва алюминӣ, ки дар Тоҷикистон коркард мешаванд, аллакай бо талошҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нав сертификати сабз доранд. Дар маҷмӯъ аз 12 номгӯи маъданҳои асосие, ки барои гузариш ба иқтисоду истеҳсоли сабз лозиманд, 10 номгӯи он дар Тоҷикистон мавҷуданд ва 6 навъи он аллакай коркард мешавад. Имкониятҳо дар ин самт фарроханд ва мо кӯшиш мекунем ба онҳоро истифода барем”, - афзуд раиси Кумита.

Султон Раҳимзода илова кард, ки аз 3 созишномаи охири сармоягузорӣ агар яктоаш аз ширкати кореягӣ бошад, дуи дигараш аз ширкатҳои маҳаллианд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.