Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2023 ҳаҷми савдои хориҷӣ 30% афзуд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 3,4 млрд доллар молу маҳсулот ворид шуда, ҳаҷми содирот ҳудуди 1 млрд долларро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Ба ин тариқ, тавозуни савдо манфӣ ва ба 2,4 млрд доллар баробар аст.

Ҳаҷми воридот дар навбати аввал аз ҳисоби харидории металлҳо (фулузот)-и қиматбаҳо дар ҳаҷми бесобиқа барои ҷумҳурӣ - ба маблағи 343 млн доллар зиёд шуд.

Дар сохтори воридоти кишвар мошину таҷҳизот (378 млн доллар), воситаҳои нақлиёт (327 млн доллар) ва металлҳои арзон (316 млн доллар) вазни қиёсии нисбатан зиёд доранд.

Ҳудуди 75%-и содироти кишвар аз маҳсулоти минералӣ (неруи барқ, семент, ангишт маъдан ва консентратҳо) ва металлҳо, аз ҷумла металлҳои қиматбаҳо, яъне аз ашёи хом иборат аст.

Дар нимсолаи аввал ҷумҳурӣ бо 106 кишвари саросари дунё муомилоти савдо анҷом дод. Шарикони асосии тиҷоратӣ дар ин давра Русия (968 млн доллар), Чин (877 млн доллар), Қазоқистон (669 млн доллар) ва Швейтсария (640 млн доллар) маҳсуб меёбанд.

Нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли 2024 дар инфографикаи зерини мо:

1/2

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.