Чин дар нимаи дуюми солҳои 2000-ум ба сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон оғоз кард, аммо дар як муддати кӯтоҳ тавонист ба сармоягузори асосии ҷумҳурӣ – Русия расида, аз он пеш гузарад. Дар бораи ба кадом соҳаҳо маблағгузорӣ кардан ва то кунун чӣ қадар сармоягузорӣ кардани Чин ба ҷумҳурӣ маълумот медиҳем.
Аввалин сармоягузории Чин ба Тоҷикистон соли 2007 пас аз имзои Созишномаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар сурат гирифт. Соли 2011 баъди ҳалли масоили марзӣ ҷараёни сармоягузории Чин дар кишвар ба таври назаррас афзоиш ёфт.
Аллакай соли 2017 Чин тавонист ба Русия расида ва аз он пеш гузарад, ки тӯли тамоми таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун сармоягузори асосӣ боқӣ монда буд.
Соли 2020 бинобар маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи COVID-19, воридоти сармоя аз Чин беш аз ду маротиба коҳиш ёфт. Аммо аллакай дар соли оянда сармоягузории Чин қариб ба сатҳи пеш аз пандемия баргашт.
Боз як сол баъдтар Чин ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи рекордӣ – 463 млн доллар ворид кард, ки тақрибан 93% (430 млн доллар)-и он сармоягузории мустақим буд.
Ба сурати умум, давоми солҳои 2007--2023 Чин тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, ба иқтисоди Тоҷикистон 3 млрд 845 млн доллар сармоягузорӣ кардааст.
Барои муқоиса, ҳаҷми сармоягузориҳои андӯхта (ҷамъшуда) дар иқтисоди Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои қаблан асосӣ тариқи зайл аст:
Русия –1 млрд 851 млн доллар;
Қазоқистон – 1 млрд 209 млн доллар;
ИМА – 808 млн доллар;
Британия – 805 млн доллар.
Сармоягузории мустақим дар афзалият
Тақрибан 70% (қариб 2,6 млрд доллар) сармоягузориҳои ҷамъшудаи Чин дар иқтисоди Тоҷикистонро сармояи мустақим ташкил медиҳад.
Аввалин сармоягузориҳои мустақим аз Чин соли 2007 ба маблағи 6,4 млн доллар ворид шуда, тайи чор соли баъдӣ дар ҳамин сатҳи начандон назаррас боқӣ монданд. Афзоиши назаррас аз соли 2012 (қариб 83 млн доллар) оғоз ёфта, дар соли 2022 сармоягузории мустақими Чин ба сатҳи рекордӣ (ҳудуди 430 млн доллар) расид.
Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ тақрибан 600 ширкат бо сармояи чинӣ фаъолият доранд.
Чанде пеш зимни суханронӣ дар форуми ҳамкории “Чин - Осиёи Марказӣ” муовини сарвазири ҷумҳурӣ Сулаймон Зиёзода изҳор дошт, ки Чин яке аз шарикони муҳимтарини тиҷоратии кишвар буда, дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ фаъолият доранд.
Чин ба соҳаву бахшҳои иқтисод чун коммуникатсия, хидматрасониҳо дар соҳаи сохтмону молия, таҳқиқоти геологӣ ва кӯҳӣ, насби таҷҳизоти технологӣ, саноат, ва дигар хидматрасониҳо сармоягузори мекунад. Қсимате аз сармоягузориҳои Чин ба соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон равона мешавад.
Дар ҷумҳурӣ ширкатҳои зиёди муштараки Тоҷикистону Чин амал мекунанд, ки ба истихроҷи захираҳои минералӣ, аз қабили маъдан, мис, сурма, тилло ва нуқра машғуланд. Ба истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар кишвар КМ «Зарафшон» машғул аст, ки 75% саҳмияҳои он ба сармоягузорони чинӣ тааллуқ дорад.
Ширкати дигари фаъол дар ин соҳа – ҶДММ «Пакрут» мебошад, ки соли 2014 ҳамаи саҳмияҳои он ба сармоягузорони чинӣ гузашт.
Чин инчунин дар истеҳсоли масолеҳи сохтмон сармоягузорӣ мекунад. Масалан, дар ҷумҳурӣ корхонаҳои муштараки семент, аз қабили «Чунгтсай Моҳир семент», «Ҳуаксин Ғаюр семент» ва «Ҳуаксин Ғаюр Суғд семент» кор мекунанд.
Ин се корхона тақрибан 85% аз ҳаҷми умумии сементи кишварро истеҳсол мекунанд. Қисмати зиёди сементи истеҳсолшуда ба содирот равона шуда, Тоҷикистонро ба яке аз содиркунандагони асосии семент дар минтақа табдил медиҳад.
Дар соҳаи электроэнергетика дар Тоҷикистон ширкатҳои зерин фаъолият мекунанд: бузургтарин ширкати лоиҳакашӣ ва сохтмон – Power Construction Corporation of China Limited (Power China); ширкати электротехникӣ ва фотоэлектрикии TBEA Company Limited; яке аз ширкатҳои бузурги ҷаҳон дар соҳаи телекоммуникатсия Huawei; ширкати энергетикии Sinohydro International Engineering.
Ҳамчунин бо Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (CNPC), ки ба ҷустуҷӯи захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон машғул аст, ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба назари мутахассисон, барои Тоҷикистон дар ин марҳилаи рушд сармоягузориҳои мустақим хеле муҳиманд, зеро барои бунёди иқтидорҳои саноатӣ дар кишвар захираҳои кофии молиявӣ нестанд.
Гап сари он аст, ки дар муқоиса бо қарзҳо чунин сармоягузориҳо баргардонида нашуда, дар гардиш боқӣ мемонанд, аз ҳисоби ин маблағҳо барои аҳолии маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам мешавад ва буҷети кишвар аз ҳисоби андозҳо мунтазам даромад мегирад.
Бино ба маълумоти Кумитаи андоз, аз чор андозсупорандаи бузургтарин дар кишвар - сетоашон ширкатҳо бо сармояи Чин мебошанд.
Инҳо КМ “Зарафшон”, "Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин" (корхонаи фаръии ширкати Tibet Summit), ширкати “Пакрут” (баста пурраи саҳмияҳои он ба корпоратсияи чинии China Nonferrous Metal International Mining Co., Ltd таллуқ дорад) мебошанд.
Дигар сармоягузориҳо
Аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои Чин ба иқтисоди Тоҷикистон зиёда аз 1,2 млрд доллар (ҳудуди 30%)-ро қарзу грантҳо, инчунин, дар ҳаҷми начандон зиёд сармоягузориҳои сандуқӣ (коғазҳои қиматнок) ташкил медиҳанд.
Қарзу грантҳои Чин ба амалисозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои автомобилгард, нақбу хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо ва ғайра равона шудаанд.
Ба ин тариқ, бо истифода аз қарзҳои Чин ба маблағи 300 млн доллар роҳи Душанбе – Чанок таъмиру навсозӣ шуд. Чин инчунин дар таъмири шоҳроҳҳои Душанбе – Ваҳдат – Данғара – Кӯлоб, роҳҳои марказии пойтахт, роҳи Душанбе – Турсунзода ва дигарон саҳм гузошт.
Бо сармоягузориҳои Чин ва ширкатҳои ин кишвар нақбҳои «Шаҳристон», «Дӯстӣ», «Хатлон» ва «Озодӣ» сохта шуданд.
Ширкати чинии TBEA аз ҳисоби қарзи Чин хатти интиқоли барқи «Шимол - Ҷануб»-ро сохт, ки ба пайвастани системаи энергетикии маркази кишвар бо вилояти Суғд имкон дод.
Ин ширкат дар Душанбе Маркази барқу гармидиҳӣ, хатти интиқоли барқи «Хатлон – Лолазор» ва якчанд зеристгоҳ бунёд кард.
Солҳои охир бо ширкатҳои TBEA ва Powerchain дар мавриди рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расиданд.
Дар доираи ин санадҳо омӯзиш ва сохтмони неругоҳҳои бодӣ ва офтобӣ дар назар дошта шудааст. Ширкатҳо ният доранд, ки сохтмони як силсила неругоҳҳои офтобӣ ва бодиро дар қаламрави Тоҷикистон бо иқтидори умумии 1500 МВт маблағгузорӣ ва бунёд кунанд.
Барои сохтмони нерӯгоҳҳои офтобӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Данғара» бо иқтидори 1000 МВт бо сармоягузории 400 млн доллар корҳо оғоз ёфтаанд.
Чин инчунин ба Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар дигар соҳаҳо қарз медиҳад ва дар шакли грантҳо кумаки бебозгашт мерасонад.
Ба ин тариқ, аз ҳисоби гранти кумаки бебозгашти Чин ба маблағи 350 млн доллар маҷмааҳои бинои ҳукумат ва парлумон сохта шуданд.
Ғайр аз ин, барои сохтмони роҳи автомобилгарди Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон ҳукумати Чин ба маблағи зиёда аз 200 млн доллар грант ҷудо кардааст.
Ҳамчунин Чин дар сохтмони дигар иншооти мулкӣ (гражданӣ) низ аз лиҳози молиявӣ кумак мекунад.
Дурнамо
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввали моҳи июли соли ҷорӣ дар як нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои сафари раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин изҳор дошт, ки дар рафти музокирот маҷмӯи масоили васеъ баррасӣ шуда, бастаи нави санадҳо ба имзо расид, ки ба таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои мухталифи тиҷорат ва иқтисод заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Инчунин дар мавриди роҳу воситаҳои густариш ва пешбурди минбаъдаи онҳо тавофуқҳои муҳим ҳосил шуданд.
Дар доираи сафари роҳбари Чин Форуми намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо ба маблағи зиёда аз 600 млн доллар қарордодҳо тиҷоратӣ ва созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Бо арзёбии соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия ҳамчун самти афзалиятнок дар муносибатҳои ду кишвар, ҷониби Тоҷикистон, ба гуфтаи президент, пешниҳод кард, ки имкони сохтмон ва таъмиру навсозии шоҳроҳи «Душанбе – Кулма» дар қитъаи аз ноҳияи Рӯшон то гузаргоҳи марзии «Кулма – Қарасу» баррасӣ шавад.
“Мо инчунин пешниҳод мекунем, ки ҷиҳати тавсеаи робитаҳо ва тиҷорати минтақавӣ барои сохтмони роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан дар масири Чин – Тоҷикистон – Афғонистон тадбирҳои муассиср андешида шаванд, инчунин ба бахшҳои гуногуни саноат, энергетика, кишоварзӣ, рақамисозии иқтисод ва зеҳни сунъӣ сармоягузорӣ карда шавад.
Кишвари мо аз иштироки ҳарчи бештар фаъоли соҳибкорони чинӣ дар таъсиси паркҳои саноатӣ, ҷалби технологияҳои нав ва истеҳсолоти муштараки бузургмиқёс, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо хушнудӣ истиқбол хоҳад кард”, - гуфт сарвари давлат.
Сафири Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон Ҷи Шумин дар суҳбат бо «Азия-Плюс» пас аз сафари Си Ҷинпин изҳор намуд, ки ҳар ду ҷониб ҷонибдори таҳкими минбаъдаи мутобиқсозии стратегӣ байни ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ва «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030» мебошанд.
Ӯ зикр кард, ки зиёда аз 20 санади ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки иқтисод, савдо, робитаи мутақобилаи нақлиётӣ, канданиҳои фоиданоки муҳим ва дигар соҳаҳоро дар бар мегиранд.
Сафир илова намуд, ки барои такони нав бахшидан ба ҳамкории тиҷоратии байни кишварҳо дар соҳаҳои бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ, аз қабили энергетикаи сабз, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва тиҷорати электронӣ нуқтаҳои нави рушди ҳамкорӣ роҳандозӣ шудаанд.