Дар тамрингоҳи низомии вилояти Белгород шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Маскав бо Вазорати мудофиаи Русия қарордод бастаанд, ба сӯи сафарбаршудагон тирандозӣ кардаанд, хабар медиҳад РБК бо истинод ба Кумитаи тафтишот.

“Тирандозӣ дар тамрингоҳи низомии вилояти Белгород шоми рӯзи 15 октябр, ки бар асари он 11 нафар кушта гшуданд, аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон, соли таваллудашон 1999 ва 1198 Аминзод Тоҷиддин (Аминзода Эҳсони Тоҷиддин) ва Меҳроб Раҳмонов сурат гирифтааст, ки онҳоро комиссариати ҳарбии ноҳияи Чертановои Маскав сафарбар кардааст”, - хабар медиҳад РБК бо истинод ба манбаи наздик ба Кумитаи тафтишот ва огаҳ аз ҷараёни тафтишот. Дар сомонаи Кумитаи тафтишот чунин маълумот нест.

Тибқи маълумоти манбаъҳои РБК, Аминзод ва Раҳмонов ба қисми ҳарбии воқеъ дар деҳаи Солотии ҳавзаи шаҳрии Валуйск рӯзи 11 октябр омадаанд.

Баъди 4 рӯз, 15 октябр тибқи маълумоти ТАСС, Вазорати мудофиаи хабар дод, ки ҳангоми машғулият бо ихтиёриён дар тамрингоҳи Ҳавзаи ғарбии ҳарбӣ ду шаҳрванди "яке аз кишварҳои ИДМ” тирандозӣ карда, дар натиҷа 11 кас кушта ва 15 нафари дигар захмӣ шуданд. Ҳамлагарон бо оташи ҷавобӣ кушта шуданд. Дар сомонаи Вазорати мудофиаи чунин маълумот нест.

Дар бораи Меҳроб Раҳмонов маълумот дастрас нест.

Қаблан зикр гардида буд, ки гӯё ҳамлагарон 3 нафар будаанд (ба иттилои бархе аз Telegram-каналҳо, сеюмӣ гурехтааст), лекин ин расман тасдиқ намешавад ва ВАО ҳам дар ин бора хабар намедиҳанд.

“Кумитаи тафтишот “аз рӯи далели амали ҷинояткорона дар вилояти Белгород” парвандаи ҷиноятӣ боз намуд, - хабар дод ин ниҳод бидуни зикри моддаи мушаххас. Тибқи маълумоти “Коммерсант” бошад, парванда бо моддаи одамкушӣ боз шуда, лекин ба он моддаи 205 (“Амали террористӣ”) низ илова шуда метавонад.

Тоҷикистон чӣ гуна вокуниш нишон дод?

То ҳол ба ҳеҷ гунае. Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия пас аз ду рӯзи хомӯшӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуданд, ки дар бораи ин ҳодиса маълумот надоранд.

“Чун ягон чизе маълум шуд, ба шумо хабар медиҳем”, - гуфтанд дар намояндагии дипломатӣ.

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ бо истинод ба радиои “Азаттик” хабар дод, ки дар Душанбе низ даст доштани тоҷикистониёнро ба тирандозӣ дар тамрингоҳ таҳқиқ мекунанд. Гӯё инро ба “Азаттик” дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ кардаанд. Дар асл бошад, дар хабари “Азаттик” дар бораи Вазорати корҳои хориҷӣ сухан меравад.

Дар ҳама гуна ҳолат айни замон ВКД ва ВКХ-и кишвар дар бораи ин ҳодиса ё амали террористӣ маълумот надоранд. Ба иттилои ВАО-и Русия, аз ҷумла ТАСС ин ҳодисаро Вазорати мудофиа номбар кардааст (дар сомонаи Вазорати мудофиа чунин маълумот нест).

Дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ба сафорат супориш додаанд, то ки ҳамаи маълумоти дар фазои расонаҳои Русия ҷойдоштаро мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Тирандозро шояд барои ба ҷанг рафтан маҷбур карда бошанд

Дар ҳамин ҳол, ВалентинаЧупик, ҳомии ҳуқуқи Русия, ки аз ҳуқуқҳои муҳоҷирони корӣ ҳимоя мекунад, ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ба назараш шоми 15 октябр ба ӯ “бародари яке аз ин террористҳо занг задааст ва ӯ дақиқан шаҳрванди Тоҷикистон буд”.

“Як ҷавон бо мессенҷери IMO занг зад Рақам набуд. Гуфт, ки бародараш дар муассисаи ислоҳии-1-и вилояти Брянск тибқи моддаи 228, қисми 3 КҶ ФР адои ҷазо мекард ва бо лату кӯб ва таҳдиди таҷовуз ба номус ӯро маҷбур кардаанд, ки қарордод дар бораи хидмат дар артишро имзо кунад ва бародараш пурсидааст, ки “шояд имзо кунаму дар роҳ ба Украина гурезам?, - мегӯяд Чупик. - Ин гуфтугӯ байни бародарон ба қавли ӯ, рӯзи 30 сентябр баргузор шудааст.

Шоми рӯзи 15 октябр ба бародари дар озодӣ қарордошта занг зада, гуфтаанд, ки бародараш кушта шудааст, зеро ӯ террорист аст. Он замон ман дар бораи рӯйдод дар тамрингоҳ хабаре надоштам. Ҳозир ҳам намедонам, ки ин рӯйдодҳо бо ҳам алоқаманданд ё не. Ман ба ин шахс гуфтам, ки Русияро тарк кунад ва беҳтараш ба Тоҷикистон наравад, зеро маъмулан дар Русия ҳамаи хешовандон террорист эълон мешаванду Тоҷикистон маъмулан онҳоро ба ихтиёри Русия медиҳад. Ҳамааш ҳамин гуна буд”.

Ба гуфтаи Чупик, дар хабари IМО суроғаи электронӣ набуд, “он ҷо никнейм буд, ман онро чун “маҳкумшуда, ҷалбсозӣ, Брянск” нигоҳ доштам. Занг задан ба он муяссар нашуд, субҳи 16 октябр вақте ки аз ҳодиса огоҳ шудам, занг заданӣ шудам ва фикр доштам, ки ба гумони ғолиб ин рӯйдодҳо ба ҳам алоқаманданд. Замоне, ки рӯйхати фавтидагон нашр шуд, хостам онро ба ӯ фиристам, лекин ин хабар ҳам ирсол нашуд”, - изҳор мекунад Валентина Чупик.

"Бародарам террорист набуд ва чунин фикру андешаҳо ҳам надошт”

Дар ҳамин ҳол, Фирӯз - бародари калонии Аминзода Эҳсони Тоҷиддини 24-сола, ки дар Маскав кору зиндагӣ мекунад, ба Радиои Озодӣ хабар додааст, ки рӯзи 17 октябр мақомоти Русия ба ӯ дар бораи ҳамчун яке аз тирандозҳо шинохта шудани бародараш хабар додаанд.

"Бародарам шаҳрвандии Русияро надошт ва бо патент фаъолият дошт. Ҳоло маро ба Прокуратураи ҳарбӣ даъват карданд. Намедонем, ӯ чӣ хел дар Белгород пайдо шуд. Бародари ман на террорист буд, на чунин фикр дошт. Як муҳоҷири одӣ буд, ки мехост кор кунад ва зиндагияшро бисозад", - гуфтааст ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, бародараш 7 моҳ пеш аз зодгоҳаш - деҳае дар ҷануби Тоҷикистон ба пойтахти Русия омадааст. Эҳсон дар як тарабхонаи Маскав кор карда, бори охир ӯро дар назди истгоҳи метрои “Люблино рӯзи 10 октябр дидаанд ва пас аз он ӯ дигар ба зангҳо ҷавоб намедодааст.

Ӯ таъкид мекунад, ки Эҳсон шаҳрванди Русия набуд ва мутаносибан набояд ба сафарбарии ҳарбӣ ҷалб мешуд.

Тоҷиддин Аминзода, падари Эҳсон рӯзи 17-уми октябр дар тамоси телефонӣ хабари марги писарашро тасдиқ карда, аммо гуфтааст, ҳолати равонӣ барояш имкон намедиҳад, ки дар бораи писараш ҳарф занад.

Як дӯсти Эҳсон, ки нахостааст номашр зикр шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ӯ ҳеҷ гоҳ қасди ба ҷанг рафтан надошт ва мехост, зудтар пул кор кунад ва ба Тоҷикистон рафта, бо дӯстдоштааш издивоҷ кунад.

"Ҳамаи мо ба шок афтодем. Ӯро мекофтем ва фикр кардем, шояд ба назди кадом шинос ё ба Тоҷикистон рафтааст. Ният доштем, эълон диҳем, ки ӯ гум шуда. Ақидаи ифротӣ надошт ва мисли ҷавонони дигар буд. Агар сахт диндор мешуд, дар ресторан кор мекард?" - гуфтааст ҳамсуҳбати радио.

АЗ ИДОРА

Ҳомии ҳуқуқи Русия Валентина Чупик мутмаин нест, ки ҳодисаи аз ҷониби муҳоҷири тоҷик рӯзи 15 октябр тариқи телефон ба ӯ гуфташуда бо рӯйдод дар тамрингоҳи низомии Белгород алоқаманд аст. Умедвоорем, ки тафтишот онро ошкор мекунад.

Аммо ҳатто агар ин ҳодисаҳо ба ҳам алоқаманд набошанд ҳам, маълумоти ҳомии ҳуқуқ нигаронкунанда аст: шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ҳатто шаҳрвандии Русия надоранд, бо таҳдиду шиканҷа маҷбур мекунанд, ки барои хидмат дар артиш “ихтиёрӣ ариза нависанд” ва ба ҷанг дар Украина мефиристанд.

Мо умедворем, ки мақомоти Тоҷикистон баҳри ҳимояи шаҳрвандони худ аз сафарбарии ғайриқонунӣ ҳамаҷониба тадбирҳо рӯйи даст мегиранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.