Адвокатҳои давлатӣ ҳимояи ҳамтои худ Бузургмеҳр Ёров аз рӯи парвандаи навро рад мекунанд. Қобили зикр аст, ки нимаи моҳи ноябр мақомоти прокуратура нисбати адвокати маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров парвандаи ҷиноии нав, ин дафъа сеюмашро боз намуд. Парвандаи ҷиноии нав мутобиқи моддаи «қаллобӣ» оғоз гардид.

«Мо барои кирояи боз як адовакти мустақил маблағ надорем, то ки аз манфиатҳои бародарам дар ҷараёни тафтишт ва мурофиаи судӣ ҳимоят намояд. Адвокатҳои давлатӣ бошанд, ҳимояи Бузургмеҳр аз рӯи парвандаи навро намехоҳанд», - гуфт ба «Азия-Плюс» Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров.

Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз ду ҳафта қабл муфаттиши парвандаи нави Бузургмеҳр Ёров ҷиҳати пешниҳоди ҳимоятгари давлатӣ ба Коллегияи адовкатҳо муроҷиат кардааст, вале аз он ҷо то ҳанӯз посухе нарасидааст.

«Адвокате, ки аз манфиатҳои бародарам дар суд ҳимоят карда буд, айни замон ба корҳои пешниҳоди шикояти апеллятсионӣ ба Суди олӣ аз рӯи парвандаи якум ва дуюми нимаи моҳи октябр бозшуда машғул аст», - мегӯяд Хосият.

Қаблан нимаи моҳи октябр нисбаи адвокати аллакай ба 23 соли зиндон маҳкумшуда Бзургмеҳр Ёров Прокура утари генералӣ дар асоси моддаи 356-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Таҳдид ё зуроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ, таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ) парванда оғоз карда буд. Парванда пас аз баҳси айбдоркунандаи давлатӣ бо Бузургмеҳр оғоз шуда буд.

Қобили зикр аст, ки суд Бузургмеҳр Ёровро мутобиқи 5 модда Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ ҳамчунин ба муддати панҷ сол баъди озод шудан аз зиндон аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ маҳрум карда шуд.

Рӯзи 27 сентябр зимни суханронии ниҳоии худ дар мурофиаи судӣ адвокат Бузургмеҳр Ёров изҳор карда буд, ки «ӯ на ифротгаро, балки адвокат буда, ба ҳимояи аъзои ҲНИТ на аз рӯи муҳаббату самимият ба онҳо, балки аз рӯи тақозои касб пардохтааст».

Бузургмеҳр Ёров санаи 28 сентябри соли 2015 дар дафтари кории коллегияи адвокатҳои «Сипар» боздошт шуда, он замон ба ҳимояи манфиатҳои 7 узви боздоштшудаи Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон машғул буд.