Мақомоти қудратӣ далели бозпурсии собиқ раиси шаҳри Душанбе, раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз ҷониби муфаттишони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ рад мекунанд.

«Оид ба масъалаи истифодаи ғайримақсадноки воситаҳои буҷетии шаҳри Душанбе то имрӯз аз ҷониби ҳеҷ кадоме аз мақмоти ҳифзи ҳуқуқ парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст», - гуфт ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ.

Ӯ маълумоти интишоршуда дар чанде аз ВАО-ро дар бораи бозпурсӣ шудани Убайдуллоев аз рӯи масъалаи истифодаи ғайримақсадноки воситаҳои буҷети пойтахт дар сохтмони биноҳои «Душанбе-Плаза», маркази тиббии «Истиқлол-90» ва ҳамчунин амалисозии лоиҳаи «Манзили дастрас» бардурӯғу овоза номид.

Ҳамчунин хотиррасон шуд, ки мувофиқи меъёри моддаи 51-и Конститутсияи Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, ӯро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷойи содири ҷиноят. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунон мавриди кофтукови шахсӣ қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст. Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генералӣ аз ҷониби маҷлиси дахлдор ҳал карда мешавад.

Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми вафот, истеъфо, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд, эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар, тарки доимии ҷумҳурӣ, ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест, парокандашавии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қатъ мегардад.

Қаблан Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз Агентии зиддифасод хоста буд, ки санҷиши "истифодаи пулҳои буҷаи кишвар ва пойтахтро" барои сохтмони биноҳо дар Душанбе то 1 июл ба охир расонад. Ба қавли президент, дар давоми 10 соли охир ва дар паи 800 тафтишу санҷишҳо дар корхонаву муассиса ва ташкилотҳои буҷетии пойтахт, ба маблағи умумии 159 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст.

Дар ин зимн хотиррасон мебояд кард, ки бо дархости раҳбарияти нави шаҳрдории Душанбе Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ соли ҷорӣ ҷараёни амалисозии лоиҳаи «Манзили дастрас»-ро ғайринақшавӣ мавриди санҷиш қарор медиҳад. Ин лоиҳа бо дастгирии мақомоти шаҳрдорӣ ҳанӯз соли 2013 оғоз гардида буд.

Ба гуфтаи муовини раиси Агентии зиддифасод Абдукарим Зарифзода, санҷиши нақшавии фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории шаҳрдории Душанбе соли 2016 гузаронида шуда, санҷиши навбатӣ соли 2018 ба нақша гирифта шуда буд.

Дар лоиҳаи «Манзили дастрас» таъмини як доираи муайяни сокинони пойтахт, аз ҷумла зиёиён бо манзилҳои нисбатан арзон дар хонаҳои баландошёна, ки дар маҳаллаи «Профсоюз» сохта мешаванд, пешбинӣ мешавад. Тибқи нақша, моҳи сентябри соли 2015 манзилҳои аввал дар доираи ин лоиҳа бояд ба истифода дода мешуданд, вале сохтмони онҳо то ба ҳол ба итмом нарасидааст.