Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт собиқ мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзодаро барои нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба пардохти 12,5 ҳазор сомонӣ (наздики 1,5 ҳазор доллар) ҷарима уҳдадор кард.
Тоҷиддин Ҳабибуллоев, падари зани писараш (қудояш) низ ҷаримабандӣ шуда, лекин ҳаҷми ҷаримаи ӯ ду баробар камтар - 5 ҳазор сомонӣ аст.
Ҳарду дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (вайрон кардани тартиби аз ҷониби қонунгузорӣ муқарраршудаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо) гунаҳкор эътироф шуданд.
Худи собиқ мудири Китобхонаи миллӣ худро айбдор намешуморад ва мегӯяд, парванда сохта ва баррасии он ғайримунсифона сурат гирифт. Аз болои ин ҳалномаи суд ӯ бо тартиботи апеллятсионӣ ба суди пойтахт шикоят бурданист.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.