Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба Кодекси ҷиноии ҶТ дар мавриди ҷазои ашхосе, ки бо ҳар роҳу восита аз пардохти алимент (маблағ барои фарзанди ноболиғ ва волидони нотавон) саркашӣ мекунанд, баррасӣ ва қабул кард.
Мувофиқи тағйироти қабулшуда, мақоми афроди саркаши ашаддӣ аз пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ ва ҳамчунин нигоҳубину ғамхории волидони нотавон ва ниёзманд ба кумак муайян карда шуд.
«Шахсоне, ки дар муддати се моҳ қарори суд дар бораи ҷудо кардани алимент барои фарзандон ва нигоҳубини волидони нотавонро иҷро намекунанд, афроди саркаши ашаддӣ аз пардохти он шуморида мешаванд», - изҳор дошт ба вакилони парлумон вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон беш аз 65 ҳазор қарорҳои суд дар бораи пардохти маблағи алимент ба фарзандони ноболиғ дар дасти судиҷрочиён қарор дорад.
«Шахсоне, ки алименти фарзандонашонро пардохт намекунанд ё барои нигоҳубини волидони нотавону оҷизашон восита ҷудо намекунанд, ҷазои сахт гирифта, мавриди ҷустуҷӯ эълон мешаванд», - иброз дошт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки дар қонунгузории ҷиноии Тоҷикистон барои саркашӣ аз пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ ва волидони ба кумак ниёздошта ҷазои аз 120 то 180 соат кори ҳатмӣ ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 2 сол, ҳамчунин ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба ҳамин муҳлат пешбинӣ шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.