Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон имрӯз, 15-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ расман ҳама ҷузъиёти рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Орёнбонк”-ро ба рӯзноманигорон ироа кард. Ӯ гуфт, дар доираи парвандаи Шуҳрат Исматуллоев 14 нафар дар курсии айбдоркунӣ нишастаанд ва парванда сирри махфӣ надорад.

Раиси Суди олӣ дар робита ба он ки чаро мурофиаи онҳо паси дарҳои баста баргузор мешавад, гуфт, он ба зиёд будани гумонбарон вобаста аст.

“Мо дар Суди олӣ ду толор дорем, ки ҳамарӯза даҳҳо парванда дар ин толорҳо баррасӣ мешаванд. Бинобар зиёд будани гумонбарон дар пайи қатли муовини аввали раиси “Орёнбонк” ин парвандаҳо дар толори Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) баррасӣ мешавад. Мо дар толори Боздоштгоҳи муваққатӣ имкони даровардани одамони зиёдро надорем. Аммо парвандаҳои мазкур ягон сирри давлатӣ ё сирри махфӣ надоранд. Ин парвандаҳо бо иштироки хешовандони ҷабрдида ва судшавандагон баррасӣ шуда истодааст”, - гуфт Шермуҳаммад Шоҳиён.

Ба гуфтаи Шоҳиён, аз рӯи маълумоти мақомоти тафтишоти пешакӣ, қатли Шуҳрат Исматуллоев ба сохтмони бинои баландошёна бо Қамаруззамон Азизов рабт доштааст.

Ӯ гуфт, Қамаруззамон Азизов соли 2017 ҶДММ “Иқбол 2017”-ро ба қайд гирифта, 4-уми августи соли 2019 иҷозаи сохтмони бинои баландошёна дар кӯчаи Пушкин 46-и шаҳри Душанберо ба даст гирифтааст. Барои сохтани ин бино Шуҳрат Исматуллоев ҳамчун шарики тиҷоратӣ марҳила ба марҳила 2 миллиону 662 ҳазор доллар (26 миллиону 649 ҳазор сомонӣ) сармоягузорӣ кардааст.

Шермуҳаммад Шоҳиён
Asia-Plus

Ба қавли раиси Суди олӣ, Шуҳрат Исматуллоев 9-уми январи соли 2022 бо бастани шартнома миёни намояндааш Шуҳрат Акбаров ва писари Қамаруззамон Азизов - Азизов В. дар бораи ройгон гузоштани ҳисса дар ҶДММ “Иқбол 2017”, 70 дарсади сармояи оинномавии ширкати мазкурро соҳиб шудааст.

Шоҳиён гуфт, баъди анҷоми сохтмони бино ва ба фурӯш гузоштани мағозаву манзилҳои истиқоматӣ 54 млн сомонӣ бояд ба Шуҳрат Исматуллоев дода мешуд.

“Азизов аз бастани чунин шартнома ва дар ҳолати ногувори молиявӣ қарор гирифтанаш норозӣ гардида, барои минбаъд иҷро накардани уҳдадориҳои шартномавӣ қасди одамрабоӣ, роҳзанӣ ва куштори Шуҳрат Исматулооевро ба нақша мегирад”, - гуфт раиси Суди олии Тоҷикистон.

Шермуҳаммад Шоҳиён ҳамин тавр зикр кард, ки Қамаруззамон Азизов дар як вохӯрӣ ба Дилшод Саидмурод (Дилшоди СБ) маълумот медиҳад, ки “гӯё Исматулооев ба арзиши зиёда аз 2 миллиард доллар криптовалюта дорад”.

“Қамаруззамон Азизов ва Дилшод Саидмурод гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ созмон дода, ба тарзу усули кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амал карда, нақша кашидаанд, ки Исматуллоевро рабуда, бо истифодаи зӯроварӣ ва шиканҷа маблағҳояшро тасарруф карда, ӯро ба қатл мерасонанд. Барои амалӣ кардани ин ҷоният Қамаруззамон Азизов ба Дилшод Саидмурод 1 миллиону 500 ҳазор доллар ваъда медиҳад”, - гуфт Шоҳиён.

Ӯ афзуд, “ба таклиф Дилшод Саидмурод ҳамчун зархарид розӣ шуда, гурӯҳи муташаккили устувор ва муттаҳидро ташкил дода, ба он Ашӯров Рустам, Хӯҷаев Шоҳрух, Сафаров Бахтовар, Тоштемуров, Бойтуров, Ҳамидовро ҳамчун иҷрокунандаҳои бевосита ва Ахмедов Акбарро ҳамчун ёрдамчӣ ҷалб мекунад”.

Аз чап ба рост: Дилшод Саидмуродов, Акбар Ахмедов, Шоҳрух Хӯҷаев ва Рустам Ашуров

Ҳамин тавр, ба нақли Шоҳиён, моҳи декабри соли 2021 Дилшод Саидмурод ҳамроҳ бо Ахмедов барои таъмини гӯрӯҳи муташаккил бо таҷҳизоти зарурӣ ба шаҳри Маскави Русия рафта, 5 ҷуфт либосҳои махсуси низомӣ, силоҳи пневманикии тамғаҳои калашников ва макаров, дрон, мавҷпахшкунак, электрошокер, дурбин, лазер, чӯбдаст, ниқоб ва шаш адад рақамҳои қайди давлатии қалбакиро ба маблағи 123 ҳазор рубл (18 ҳазору 500 сомонӣ) харидорӣ карда, ба воситаи ширкатҳои интиқолдиҳандаи молу маҳсулот, ба Тоҷикистон ворид менамояд.

“Барои изи ҷонияти худро нагузоштан, Бойтуров ба номи оворагардону лӯлитаборони вилояти Хатлон симкортҳои мобилӣ харидорӣ карда, минбаъд танҳо аз ин рақамҳо истифода кардаанд”, - зикр намуд Шоҳиён.

Ӯ таъкид кард, ки дар пайи омодагиҳо, Дилшод Саидмурод аз Қамаруззамон Азизов 50 ҳазор доллар пешпардохт гирифтааст.

Раиси Суди олӣ афзуд, шаби 23-юми июни соли 2023 бошад, соати 20:05 дақиқа дар кӯчаи Ғуломии шаҳри Душанбе Саидмуродов бо аъзои дигари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Ашуров Рустам Каримович, Хуҷаев Шоҳрух Хуҷаматович, Ахмедов Акбар Акрамович ва дигарон аз фурсати муносиб истифода бурда, Исматуллоевро зӯран ба автомашина савор намуда, ба деҳаи Шодоб 1, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб мебаранд.

Акси мошинҳое, ки мақомоти тоҷик нашр карданд

“Баъд аз ин, либосҳояшро кашида, ба курсии қаблан тайёрнамуда шинонида, ба дасту пои Исматуллоев завлона мезананд. Сипас, бо шиканҷа додан рамзҳои махсуси ҳамёнҳои криптовалюта доштаи телефони бонкдори тоҷикро гирифта, тафтиш мекунанд, аммо дар он маблағ пайдо намекунанд. Аз ин рӯ, такрор ба такрор барои муайян кардани ҳамёнҳои дигар ва маблағи нақдиаш, бо истифода аз лазер ва автофен бадани бонкдорро сӯзонида, бо қувваи барқи электрошоккер ӯро шиканҷа мекунанд”, - иброз дошт Шоҳиён.

Ӯ таъкид кард, ки пас аз пайдо накардани маблағ, бо супориши Қамаруззамон Азизов ин гурӯҳ узвҳои ҳаётан муҳими Шуҳрат Исматуллоевро сӯзонида, ӯро ба қатл мерасонанд. Рустам Ашӯров, Бахтовар Сафаров ва Шоҳрух Хоҷаев ҷасади Шуҳрат Исматуллоевро ба бағоҷи мошин бор карда, онро дар киллиметри 118-уми шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ ба дарё мепартоянд.

Ба иттилои қаблан нашркардаи Додситонии кулл, “худи ҳамон рӯз ҷинояткорон Саидмуродов Д.Ҳ. ва Ахмедов А.А. ба Федератсияи Россия, Хуҷаев Ш.Х. ба Ҷумҳурии Туркия ва Ашуров Р.К. 25 июн ба Ҷумҳурии Туркия ва 30-уми июн ба Ҷумҳурии Молдова фирор намудаанд”.

Шоҳиён зикр кард, ки баъди иҷро шудани нақша, Дилшод Саидмурод ба Рустам Ашуров, Бахтовар Сафаров ва Хӯҷаев 1 ҳазору 500 доллар ва ба Ахмедов 1 ҳазору 100 доллар, ки аз ҷайби Исматуллоев тасарруф карда буданд, дода, супориш медиҳад, ки ҳудуди Тоҷикистонро тарк намоянд ва ӯ баъдан ба онҳо ба алоқа баромада, ҳиссаи ваъдакардаашро медиҳад.

Дилшод Саидмуродов пас аз боздошт

Рустам Ашӯров рӯзи 30-юми июн вақте барои убури марз ва ворид шудан ба давлати Молдова посухи рад гирифт, ду афсари амнияти фурудгоҳи Кишинёвро бо истифода аз силоҳи худи онҳо ба қатл расонид. Ҳангоми амалиёти дастгиркунии мақомоти Молдова худи Рустам Ашӯров низ захмӣ ва бистарии беморхона шуд. Барои таҳқиқи ҳодиса ба Кишиноёв чанд корманди мақомоти Тоҷикистон сафар карданд, аммо Рустам Ашуров ба худ наомада, ҷон дод.

Мақомоти дахлдори Тоҷикистон барои боздошти Исматуллоев амалиёти густурдаро роҳандозӣ карда, бо мақомоти Русия низ ҳамкорӣ намуданд. Ҳамчунин, барои кӯмак дар боздошти ӯ мукофотпулӣ ваъда карда буданд.

Дар моҳи октябри соли равон навори кутоҳи бозпурсии Дилшод Саидмуродов бо забони русӣ ва аксҳояш, ки дар даст завлона дошт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд. Баъдан, Додситонии кул гуфт, ки Дилшод Саидмуродов дар Русия боздошт ва ба Душанбе оварда шудааст.

Ахиран расонаҳо аз “ихтиёран” ба мақомот таслим шудани Шоҳрух Хуҷаев иттилоъ доданд. Додситони кулли кишвар дар робита ба шеваи таслим шудани Шоҳрух Хуҷаев посухи рӯшан надод, аммо тасдиқ кард, ки “парвандаи ҷиноятӣ нисбати Хуҷаев Шоҳрух ва дигарон санаи 18-уми ноябри соли 2023 барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст”.

Ба иттилои Шоҳиён, ҳоло нисбати Қамаруззамон Азизов, Дилшод Саидмурод, Акбар Ахмедов, Бахтовар Сафаров ва Шоҳрух Хӯҷаев бо моддаҳои 104 (одамкушӣ), 130 (одамрабоӣ) ва 249 (роҳзанӣ) айб эълон карда шудааст. Очилдиев, Шарифзода, Мақсудов, Шарипов, Ашуров Рустам, Ахмедов Акбар, Тоштемуров, Бойтуров, Ҳамидов барои ҳамкорӣ бо гуруҳи муташаккили ҷиноӣ айбдор мешаванд. Раиси Суди олӣ номи онҳоро пурра зикр накард.

Ҷасади Шӯҳрат Исматуллоев пас аз қариб ду моҳи ҷустуҷӯ, 13-уми августи соли 2023, аз дарёи Зарафшон дар минтақаи Саразми шаҳри Панҷакент  пайдо ва 30-юми август шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.