Додгоҳи олии Тоҷикистон бо гузашти қариб як моҳ аз ворид гардидани парвандаи гумонбарони куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” ба ин ниҳод, дар бораи рӯзи баргузории мурофиаи додгоҳӣ иттилоъ намедиҳад.
Дар ҳамин ҳол, як манбаи “Азия-Плюс” дар ин ниҳод гуфт, Додгоҳи олӣ ба ин парванда муҳри махфӣ задааст ва аз ин рӯ, додраси раисикунанда ва рӯзи баргузории мурофиа ифшо намешавад.
Давоми ду ҳафтаи охир мо беш аз се маротиба аз дафтари матбуотии Додгоҳи олӣ пурсидем, ки мурофиа кай оғоз мешавад. Дар он ҷо ба мо ба такрор гуфтанд, ки “ҳоло маълум нест”, ҳамчунин муҳри махфӣ задан ба ин парвандаро тасдиқ ё рад накарданд.
Рӯзи 24-уми ноябр Додситонии кулли кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати Дилшод Саидмуродов (“Дилшоди “Красавчик” ё “СБ”) ва 13 нафари дигар, ки дар рубудану куштани Шуҳрат Исматуллоев гумонбар мешаванд, барои баррасӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол шуд. Дертар, ин иттилоъро Додгоҳи олӣ ҳам тасдиқ кард.
Вале бо гузашти қариб як моҳ рӯзи оғози баррасии парвандаи мазкур маълум нест. Ҳарчанд тибқи қонунгузорӣ, мӯҳлати оғози муҳокимаи парвандаи ҷиноятӣ дар маҷлиси суд аз 14 то 30 рӯз, пас аз ворид гардидани парванда ба додгоҳ, муқаррар гардидааст.
“Баррасии парвандаи ҷиноятӣ бояд дар мӯҳлати на дертар аз чордаҳ шабонарӯз аз лаҳзаи баровардани қарори судя дар бораи таъин намудани маҷлиси суд, дар ҳолатҳои истисноӣ бошад, дар мӯҳлати сӣ шабонарӯз дар маҷлиси суд оғоз карда шавад”, - моддаи 271 Кодекси мурофиаи ҷиноятии Тоҷикистон.
Шоҳрух Хуҷаев ихтиёран таслим шуд?
Дар ҳамин ҳол, Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам бо такя ба ирсол шудани парвандаи ҷиноятӣ ба додгоҳ ва моддаи 250 қисми 4-и Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ аз додани ҷузъиёт оид ба парванда худдорӣ кардааст.
Ин ниҳод, ба дархости катбии “Азия-Плюс” дар бораи он ки оё Шоҳрух Хуҷаев, гумонбари дигар дар рабудану куштори Шуҳрат Исматуллоев, ихтиёран ба Тоҷикистон баргашта, ба мақомоти тафтишотӣ таслим шудааст, посухи рӯшан надодааст. Дар посухи ин ниҳод зикр мегардад, ки “парвандаи ҷиноятӣ нисбати Хуҷаев Шоҳрух ва дигарон санаи 18-уми ноябри соли 2023 барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст”.
Ҳамин тариқ, Додситонии кул нагуфтааст, ки Шоҳрух Хуҷаев ихтиёран аз хориҷи кишвар баргашта ба мақомоти тафтишотӣ таслим шуд ва ё боздошту истирдод гардидааст.
Ин ниҳод гуфтааст, ки барои гирифтани иттилои бештар дар робита ба парвандаи мазкур ба Додгои олӣ муроҷиат кунем. Вале тавре зикр шуд, Додгоҳи олӣ оид ба ин парвандаи ҳеҷ иттилое пешниҳод намекунад.
Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи декабр хабарҳо дар бораи он ки Шоҳрух Хуҷаев, “охирин иштирокчии гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ”, ки дар рабудану куштани Шуҳрат Исматуллоев даст дошт, аз хориҷа ихтиёран баргашта, ба мақомоти тафтишотӣ таслим шудааст.
Ба ин тариқ, дар курсии айбдорӣ дар доираи паврандаи куштори Шаҳрат Исматуллоев 14 нафар, аз ҷумла, Дилшод Саидмуродов, як афсари собиқи мақомоти қудратӣ нишастаанд.
Таърихчаи қазияи Шуҳрат Исматуллоев
Қазияи рабудан ва куштори Шаҳрат Исматуллоев тобистони соли равон ҷомеаро такон дод.
Он замони Додситонии кулли кишвар гуфт, ки рӯзи 23-уми июни соли 2023 як гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ Шаҳрат Исматуллоевро дар маркази пойтахти кишвар рабуда, дар яке деҳаи ноҳияи Варзоб “бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд”. Ба қавли ин ниҳод, ҷасади бонкирро ба дарёи Зарафшон партофтаанд, ки баъдан дарёфт ва тавассути ташхиси дандонҳояш шинохта шуд.
Ба гуфтаи мақомот, чанде аз аъзоёни ин гуруҳ, аз ҷумла роҳбари он Дилшод Саидмуродов пас аз содир кардани ҷиноят ба Русия фирор кардаант. Дертар, ин ниҳод гуфт, Акбар Аҳмадов, яке аз гумонбарон дар боздоштгоҳи Тоҷикистон аст.
Аз ин пештар аз боздошту истирдоди як нафар гумонбари дигари рабудани қатли Шуҳрат Исматуллоев бо номи Бахтовар Сафарови 28-сола аз Туркия хабар дода буд.
Он замон Додситонии кул навишт, ки дар умум 13 аъзои гуруҳи ҷиноятӣ, ки дар қазияи рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” даст доштанд, дастгир шудаанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки қаблан Рустам Ашӯров, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар рабудани куштори Шуҳрат Исматуллоев гумонбар мешуд, дар фурудгоҳи Кишинёви Молдова як марзбон ва як афсари амниятро ҳадафи тир қарор дода, чанд нафарро захмӣ кард ва дар ҷараёни амалиёти безараргардонӣ захмӣ шуда ба беморхона интиқол ва дертар даргузашт.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон барои боздошти Исматуллоев бо ҳамтоёни худ дар Русия вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо доштанд. Ҳатто Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар зимни мулоқоти худ бо ҳамтои русаш масъалаи боздошти Дилшод Саидмуродовро баррасӣ намуда буд.
Ҳамчунин, мақомот барои ҳамкорӣ дар боздошти Дилшод Саидмуродов мукофотпулӣ ваъда карда буданд.
Дар моҳи октябри соли равон навори кутоҳи бозпурсии Дилшод Саидмуродов бо забони русӣ ва аксҳояш, ки дар даст завлона дошт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд. Баъдан, Додситонии кул гуфт, ки Дилшод Саидмуродов дар Русия боздошт ва ба Душанбе оварда шудааст.
Вазорати нақлиёт гуфт, рухсатнома барои убури сарҳад аз Чин дастрас шудааст
Ҳарифи размикори тоҷик Муҳаммад Наимов дар UFC маълум шуд
“Аз 42 кас барои фиристодан ба Арабистони Саудӣ пул гирифтааст”. Боздошти як мард бо гумони қаллобӣ
“Дар кишварҳои истеҳсолкунанда қимат шуд”. Вазорати энергетика сабаби гаронии гази моеъро шарҳ дод, аммо камчинии онро рад кард
Қоҳир Расулзода дар Хатлон муассисаҳои таълимӣ ва иншооти иҷтимоиро боз кард
Тоҷикистон ва Малдив созишномаи бекор кардани раводидро имзо карданд
Охири фасли тирамоҳ дар Тоҷикистон серборону сершамол мешавад
“Серпул, меҳрубон, масъулиятшинос…” Шавҳари идеалӣ аз нигоҳи сокинони Душанбе чӣ гуна аст?
Дар Тоҷикистон ҷувории худӣ намерасад. Барои харидани он миллионҳо сарф мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳомони ҳилагар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста