Тайи 5 соли ахир (солҳои 2019-2023) дар додгоҳҳои Тоҷикистон ҳамагӣ 28 ҳукми сафедкунанда аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ содир шудааст, ки 24-тои он ҳукми пурра сафедкунанда ва 4-тоашон - қисман сафедкунанда будааст.

Биёед бубинем, ки дар кадом сол чӣ қадар ҳукми сафедкунанда содир шудааст.


Чаро дар Тоҷикистон ҳукмҳои сафедкунӣ ин қадар кам аст?

Шумори ками ҳукмҳои сафедкунӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ дар таҷрибаи мақомоти судӣ яке аз мавзӯъҳое мебошад, ки дар доираҳои коршиносони кишварҳои пасошӯравӣ зиёд мавриди баҳс қарор мегирад.

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос Наврӯз Одинаев, дар таҷрибаи судӣ на ҳама вақт ҷузъиёти далелҳо ба таври кофӣ таҳлил мешаванд. Баъзан судҳо бо гузаронидани тафсирҳои зикршуда дар матни хулосаи айбдоркунӣ ё истинод ба баёноти шоҳидон бе таҳлили мувофиқ иктифо мекунанд.

“Ҳамчунин додгоҳҳо дар ҳукм баъзан танҳо ба нишондоди шоҳидон ва дигар шахсон, ки ба ақидаи онҳо айбро тасдиқ мекунанд, истинод меоранд. Чунин мешавад, ки судҳо дар маҷмӯъ бо таркиби айбномаи парванда розӣ буда, дар асл дар ҷараёни мурофиа танҳо масъалаи муҳлати ҷазоро ҳал мекунанд”, - мегӯяд ҳуқуқшинос.

Ӯ мегӯяд, "ин комилан нодуруст мебуд, агар мо чунин мешуморидем, ки ҳамаи парвандаҳо пас аз тафтиши ҳамаҷониба ба суд пешниҳод гардида, айб сад дар сад исбот шудааст".

Одинаев таъкид кард, ки ҳатто дар системаҳои ҳуқуқии пешрафта, ба монанди Фаронса, Англия ё Олмон, ҳангоми тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ба хатогиҳо роҳ дода мешавад.

Коршинос бар ин назар аст, ки аз ин рӯ, шумори зиёди ҳукмҳои сафедкунӣ (ки дар Тоҷикистон нест) набояд ба нигаронии мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ боис гардад, зеро барои ҳама гуна давлати ҳуқуқбунёд ин як падидаи маъмулӣ аст.

Ҳуқуқшинос зикр карда буд, ки дар Тоҷикистон адвокатҳо дар мавриди тафтиши парвандаҳо нақши зиёд ва дар системаи судӣ нуфузи назаррас надоранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар бисёр кишварҳо маҳз дар ҷараёни музокирот дар додгоҳ додрас дар бораи айби гумонбар қарор қабул мекунад.

Ба ақидаи ӯ, меъёри баҳодиҳии фаъолияти судӣ бояд қонуният ва асоснок будани қарорҳои суд, инчунин дастрасӣ ва ошкорбаёнии онҳо бошад. Ӯ чунин изҳори назар кард, ки нишондиҳандаи фоизҳо бидуни асоснокии воқеӣ набояд меъёри асосии арзёбии низоми судӣ бошанд.

Шумо чӣ фикр доред, чаро дар Тоҷикистон гумонбарон дар парвандаҳои ҷиноятӣ хеле кам бегуноҳ эътироф мешаванд?

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.