Рӯзи 11-уми октябр дар Ашқобод нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир мегардад. Дар он кишваре муайян хоҳад шуд, ки раёсати Иттиҳодро дар соли 2020 ба уҳда мегирад.

Нишасти сарони кишварҳо аз табодули назар доир ба ҳамкории мутақобила дар доираи Иттиҳод ва баррасии масъалаи раёсат дар ИДМ дар соли 2020 оғоз мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.

Раисҷумҳурон ҳамчунин лоиҳаҳои Эъломия дар бораи ҳамкории стратегии иқтисодии кишварҳои узви ИДМ ва Конвенсияи интиқоли иҷрои ҷазоро, ки ба маҳрум кардан аз озодӣ марбут нест, баррасӣ мекунанд.

Ҳамчунин санадҳои аз ҷониби вазирони корҳои хориҷӣ мувофиқашуда, аз ҷумла, Барномаи амал оид ба фаъолсозии шарикӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳо, масъалаҳои марбут ба Бозиҳои кишварҳои узви ИДМ, таъмини амнияти иттилоотии кишварҳои узви Иттиҳод, таъсиси Низоми муштарак (муттаҳида)-и алоқаи қувваҳои мусаллаҳ, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, психотропӣ ва прекурсорҳо баррасӣ хоҳанд шуд.

Ба ҷуз ин, лоиҳаи Муроҷиати сарони кишварҳои ИДМ ба мардуми кишварҳои Иттиҳод ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба 75-солагии Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ҳамчунин санадҳои танзимкунандаи ҳамкорӣ дар муқовимат бо коррупсия, мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти зӯроваронаи ифротгароӣ, рушди табодули иттилоотӣ байни мақомоти салоҳиятдор дар соҳаи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин масоили мубориза бо ҷинояткорӣ мавриди баррасии роҳбарони давлатҳо қарор мегирад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.