Симпозиуми байнулмилалии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯзҳои 21-23 октябр ҷараён дорад.
Имрӯз дар ин ҳамоиши илмӣ раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, аҳли зиёи мамлакат ва меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ ширкат варзиданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.
Сарвари давлат дар суханронии худ ҳадафи ҳамоиш ва дар пойтахти Тоҷикистон ҷамъ овардани олимону коршиносонро диди тоза ба 1120-солагии давлати Сомониён, нақши созандаи ин сулолаи ориёӣ дар рушди давлатдории тоҷикон ва дигар халқҳои минтақаву ҷаҳон, мақоми шоистаи ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод – “Наврӯз”, “Сада” ва “Меҳргон” дар ташаккули тамаддуни Шарқу Ғарб, инчунин нақши Куруши Кабир ва Борбади Марвазӣ арзёбӣ кард.
Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавию бархӯрди тамаддунҳо рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ ба хотири нигаҳдошти анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва ҳифзи истиқлоли сиёсию фарҳангӣ аҳамияти зиёд касб кардааст, - изҳор дошт раисҷумҳур.
Ба гуфтаи ӯ, давлатдории Сомониён, ки замони авҷи ташаккули халқи тоҷик ба ҳамин давра рост меояд, дар тамаддуни башарӣ камназир мебошад. Осори илмиву адабӣ ва фарҳангиву таърихии ин замон ҳамчун намунаи барҷастаи дастовардҳои инсоният эътироф гардида, бо мазмуну муҳтаво ва арзиши илмиву адабӣ дар миёни оламиён ҷойгоҳи хосса доранд.
Дар давраи Сомониён тоҷикон соҳиби девону дафтар, нишону парчам ва сохтори муназзами идориву давлатдорӣ гардида, илму маърифат, фарҳангу адаб ва касбу ҳунар рушди бесобиқа пайдо кард ва дар шаҳрҳои калонтарин китобхонаву мадрасаҳо, кӯшку саройҳо, дукону бозорҳо ва растаҳои ҳунармандӣ бунёд ёфтанд. Дар он давра беҳтарин олимону донишмандон, хаттотону мусиқишиносон, муфассирону орифон, муҳаққиқону мутарҷимон дар марказҳои илмиву адабӣ ҷамъ омада, намунаҳои бемисли осори адабиву илмиро эҷод кардаанд, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Вай афзуд, ки ин давлати нерӯманду муназзам ва шоҳони одили он қавмҳои ориёитабори минтақаи таҳти нуфузи худро муттаҳид сохтанд, ҳамчун мардуми шаҳрсозу шаҳрнишин шаҳрҳои нав бунёд карданд ва сохтори идории тавоноро таъсис дода, мақом ва манзалати тоҷикон ва дигар қавму миллатҳои ориёиро баланд бардоштанд.
Мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба хотири баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ ва арҷ гузоштан ба гузаштаи пуршарафи халқамон Исмоили Сомонӣ ва давлати Сомониёнро ҳамчун намунаи давлатдории миллӣ эътироф намудем ва 1100-солагии давлати Сомониёнро дар асоси қарори ЮНЕСКО якҷо бо ҷомеаи башарӣ таҷлил кардем, - ёдовар шуд сарвари давлат.
Дар ин ҳамоиши байнулмилалӣ ҳамчунин профессор Масъуди Миршоҳӣ – раиси Анҷумани “Рӯдакӣ”-и Фаронса, Мария Дрожжина – мусиқишинос, корманди Консерваторияи шаҳри Новосибирски Русия, Ромин Фарҳангӣ – раиси Бунёди “Манучеҳри Фарҳангӣ”- и ИМА, Ҳуммер Абрамиён – раиси фарҳангистони “Куруши Бузург”-и Австралия, профессор Ҳусейн Содиқӣ аз Швейтсария, Бобур Ҳамидов аз Ӯзбекистон ва шоир Масъуди Сипанд суханронӣ карданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.