Дар кори анҷуманҳои пеш аз интихоботии аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ, ки охири ҳамин ҳафта оғоз ва то даҳаи аввали моҳи январ идома меёбанд, аз 2 ҳазор то 60 нафар вакилон иштирок мекунанд.

Ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон то имрӯз замони баргузории анҷуманҳои пеш аз интихоботии худро муайян карданд.

Нахуст рӯзи 13-уми декабр анҷумани Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон доир мегардад, ки дар он 2 ҳазор нафар вакилон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ширкат меварзанд. Дар кори анҷуман пешвои ҳизб, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад.

Ҳизби сотсиалистӣ, демократӣ ва ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон анҷуманҳои худро дар як рӯз – 15-уми декабр баргузор мекунанд.

Комунистон анҷуманро рӯзи 28-уми декабр ва Ҳизби сотсиал-демокраӣ санаи 5-уми январ мегузаронанд.

Дар кори ин анҷуманҳо аз 60 то 100 нафар вакилон иштирок мекунанд.

Дар анҷуманҳои пеш аз интихоботии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон рӯйхати номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз рӯйи  ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявии интихоботӣ эълон карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.