Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 7-уми октябр, дар робита ба шарҳи Чингиз Кустебоев, сардори хадамоти матбуоти ВКХ-и Қирғизистон ба Эрлан Абдилдаев, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супорид. Дар ин бора дафтари матбуотии ВКХ-и Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар нотаи ВКХ гуфта шудааст, ки чунин изҳороти беасоси сардори хадамоти матбуоти ВКХ-и Қирғизистонро далели аз байн рафтани фарҳанги сиёсӣ ва набудани одоби оддии дипломатӣ медонад.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “изҳори назари сардори хадамоти матбуоти ВКХ-и Қирғизистон кӯшиши бесарусомонӣ барои таҳмили ақидаи бардурӯғ дар бораи сабабҳои аслии таҷовузи мусаллаҳонаи Қирғизистон алайҳи Тоҷикистон ба афкори умум мебошад”.
Ин ниҳод гуфтааст, ки чунин изҳороти риёкорона ба рӯҳ ва ҳарфи протоколҳое, ки ҷонибҳо рӯзҳои 19 ва 25-уми сентябри соли ҷорӣ имзо карда буданд, мувофиқат намекунад.
Гуфтан лозим аст, ки қаблан Чингиз Кустебоев, сардори хадамоти матбуоти ВКХ-и Қирғизистон дар робита ба тақдими ордени “Барои хизмат дар назди Ватан” дараҷаи 3 ба Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин андешаашро эътирозомез дар саҳифаи фейсбукаш баён дошт. Ӯро дар пасманзари низоъ дар сарҳад бо орден сарфароз кардани президенти Тоҷикистон нигарон кардааст.
Баъдан сухангӯи ВКХ-и Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ низ ба ин навиштаи ҳамтои қирғизаш вокуниш кард ва дар ҷавоб навишт, ки чунин баёнияҳо “ғайри қобили қабул ва мухолиф ба принсипҳои одоби дипломатӣ” буда, “нишони дағалона вайрон кардани созиши ҳосилшуда” миёни ду кишвар мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи мушаххассозии хати сарҳад миёни ду кишвар баҳсҳои шадид доранд ва баъзан ин баҳсҳо боиси сар задани муноқиша дар сарҳад низ мешавад. Охирин муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади ин ду кишвар 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо каси дигар захмӣ шуданд.
Пас аз имзои созиши ду ҷониб барои ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад ва ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳои ҷойдошта, мансабдорони Қирғизистон ба истифодаи суханҳои иғвоангез нисбати Тоҷикистон идома медиҳанд, ки чандин маротиба боиси нигаронии ҷониби Тоҷикистон шуд.