Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолона ҳамкорӣ дошта, инро афзалияти сиёсати хориҷии худ медонад, изҳор доштааст зимни суҳбат бо рӯзноманигорон сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков, менависад Интерфакс.
“Мо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити дуҷониба ва шаклҳои ҳамкории худро дошта, бо чанде аз онҳо моро равандҳои ҳамгироӣ дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё муттаҳид мекунанд, ки мо ба он таваҷҷӯҳ дорем ва аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии худ медонем”, - таъкид доштааст ӯ.
Дар Кремл ба рӯзноманигорон тавсия додаанд, ки ҷиҳати шарҳи сафари котиби давлатии ИМА ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ВКХ Русия муроҷиат кунанд, лекин хотиррасон намудаанд, ки Маскав ҳамкориҳои мутақобилаи худро бо давлатҳои минтақа дар қолабҳои худ рушд медиҳад.
“Сафири котиби давлатии ИМА-ро шарҳ доданӣ нестам. Ба ҳар ҳол, ман сухангӯи президенти Русия ҳастам. Ин салоҳияти ҳамтоҳои ман дар ВКХ аст”, - зикр кардааст Дмитрий Песок ба журналистон.
Ёдрас мекунем, ки чанде пеш котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен бо аввалин сафари расмӣ ба пойтахти Қазоқистон омада, бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақа дидору гуфтушунид кард.
Пеш аз ин вохӯрӣ котиби давлатии ИМА бо президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар мулоқот кард.