Баъди аз сарнагун кардани ҳукумати Башор Асад, президенти Сурия, Абумуҳаммад Ҷулонии 42-сола, раҳбари гурӯҳи асосии мусаллаҳи мухолифини Сурия "Ҳайъат Таҳрир-аш-Шом"*, тасарруфгари Димишқ ҳодисаро пирӯзӣ барои ҳама суриягиҳо номид ва изҳор дошт, ки акнун мардуми Сурия "моликони қонунӣ"-и кишвар мебошанд.
Ӯ баъди чанд соат пас аз суқути ҳукумати пешинаи кишвар 8-уми декабр ба Димишқ омада, дар масҷиди Умавӣ дар пойтахт суханронӣ кард.
"Ҳукумати Асад ҳазорон сокини осоиштаро, ки ҳеҷ ҷинояте содир накарда буданд, ноҳақ зиндонӣ кард. Мо, мардуми Сурия моликони қонунии ин кишварем. Мо мубориза бурда, имрӯз ба пирӯзӣ ноил гардидем", - овардааст гуфтаҳои ал-Ҷулониро Al Jazeera.
Ба гуфтаи ӯ, "пас аз ин пирӯзии бузург дар тамоми минтақа таърихи наве навишта шуда, вале барои сохтани Сурияи нав, ки «чароғе барои миллатҳои исломӣ» мешавад, заҳмати зиёде лозим аст».
"Худо шуморо нигаҳбонӣ мекунад. Ин пирӯзӣ барои ҳама суриягиҳо аст, ҳамаи онҳо ҷузъе аз ин пирӯзӣ буданд", – гуфтааст ал-Ҷулонӣ.
Таҷриба дар "Ал-Қоида", ДОИШ ва "Ҷабҳат ан-Нусра"
"Ҳайъат Таҳрир-аш-Шом" гурӯҳи бузургтарини мухолифи ҳукумати Асад бо равияи салафӣ мебошад.
Роҳбари он Абумуҳаммад ал-Ҷулонӣ (номи аслааш Аҳмад Ҳусайн ал-Шараа) соли 1982 дар Ар-Риёз (Арабистони Саудӣ) таваллуд ёфта, аз соли 1989 дар Сурия зиндагӣ мекунад.
Соли 2003 ба сафи созмони террористии "Ал-Қоида"* дар Ироқ пайваст ва дар муқобили неруҳои амрикоӣ ҷангид. Соли 2006 аз ҷониби неруҳои мусаллаҳи Амрико дастгир ва то соли 2011 дар зиндон буд.
Баъдан, ба Сурия баргашта, дар соли 2011 намояндаи муассиси созмони террористии "Давлати Исломӣ" ё ДОИШ* Абубакр ал-Бағдодӣ шуд. Бино ба маълумоти "The Wall Street Journal", ӯ ба Сурия бо «халтаҳои пур аз пул» ва рисолати "ба сатҳи ҷаҳонӣ баровардани ҳаракати ифротгароӣ (экстремистӣ)" омад.
Соли 2012 бо супориши "Ал-Қоида" (ДОИШ он замон ба “Ал-Қоида” тобеъ буд) дар Сурия бо номи "Ҷабҳат ан-Нусра" гурӯҳи созмонро таъсис дод. Гурӯҳ дар минтақаҳое, ки ҳукумати Башор Асадро дастгирӣ намекарданд, бахусус дар Идлиб зуд нуфуз пайдо кард. Ал-Ҷулонӣ он вақт гуфта буд, ки дар Сурия барои масеҳиён ва алавитҳо ҷое нахоҳад буд.
Соли 2016 бо гурӯҳи начандон зиёди тарафдоронаш аз "Ал-Қоида" ҷудо шуда, аз идеологияи он даст кашид ва гурӯҳе бо номи "Ҷабҳат Фатҳ аш-Шом" таъсис дод. Баъдан дар соли 2017 гурӯҳро ба "Ҳайъат Таҳрир-аш-Шом" табдил дод ва мақсади асосии он озод кардани Сурия аз ҳукумати Башор Асад ва ихроҷи низомиёни эронӣ аз кишвар унвон шуд.
Пас аз эълони ҷудо шудан аз "Ал-Қоида", ал-Ҷулонӣ "Ҳайъат Таҳрир-аш-Шом"-ро, ки аз соли 2015 амалан вилояти Идлибро дар шимоли Сурия назорат мекунад, ба як қувваи муназзам дар заминаи "омехтаи исломгароӣ ва миллатгароӣ" табдил дод.
Бештар таҳаммулгаро шуд?
Аз соли 2021 ал-Ҷулонӣ кӯшиш ба харҷ дод, ки нуфузи гурӯҳро беҳтар кунад ва изҳор дошт, ки ӯ ҳадафи таъсиси Давлати Исломии навро надорад, балки мехоҳад Сурияро озод кунад. Худро террорист намешуморад ва дар манотиқи зери назораташ, аз ҷумла ба мардон тамокукашӣ ва ба занон напӯшонидани рӯйро иҷоза медиҳад.
Ба гуфтаи сармушовири Гурӯҳи байналмилалии пажуҳиши буҳронҳо Дорин Халифа, ки бо ал-Ҷулонӣ дар Сурия чанд маротиба мулоқот кардааст, раҳбарияти гурӯҳ "амалгаро ва камтар идеологӣ мебошанд” ва худи роҳбари гурӯҳро ӯ сиёсатмадоре меномад, ки барои масоили зиёде, ҷуз мубориза бо ҳукумат, ба созишҳову муомилотии бузург омода аст.
Ба ақидаи ноиби президент ва собиқ ҳамоҳангсози Департаменти давлатии ИМА оид ба масоили иртибот дар соҳаи мубориза бо терроризм Алберто Мигел Фернандес, дар гурӯҳ то ҳол унсурҳои идеологияи ифротгароӣ ҷой дорад, "аммо онҳо на ифротгароҳои аблаҳ, балки ифротгароҳои миллатгаро мебошанд".
Дигар коршиносон баръакс, шубҳа доранд, ки ал-Ҷулонӣ метавонад аз "ҷиҳодгари хурди суриягӣ дар Ироқ" ба "раҳбари инқилоби суриягӣ" табдил ёбад.
"Бале, эҳтимол бо гузашти вақт ва синнусол ӯ бештар таҳаммулгаро шуд ва шояд аз баъзе идеологияи тундгароӣ даст кашид. Аммо ман фикр мекунам, ки эҳтимол ӯ ниятҳои аслии худро пинҳон мекунад", - мегӯяд коршинос оид ба Сурия аз Донишгоҳи Люмер Лион 2, Фабрис Баланш.
Худи ал-Ҷулонӣ дар мусоҳиба бо барномаи амрикоии "PBS Frontline" дар Идлиб дар соли 2021 изҳор дошт, ки ӯ барои ҷашн гирифтани 11-уми сентябри 2001, ҳамлаҳо бар зидди Амрико аз тарафи "Ал-Қоида" ё барои мубориза бо неруҳои Амрико дар Ироқ пушаймон нест, вале барои қатли одамони бегуноҳ таассуф мехӯрад.
Бо вуҷуди ин, ӯ мақоми террористиро ҳамчун "тамғаи сиёсӣ бидуни ҳеҷ дурустӣ ё эътимод" унвон кард.
"Дар зарфи даҳ соли роҳи мо дар ин инқилоб мо барои ҷомеаи ғарбӣ ё аврупоӣ ҳеҷ хатаре надоштем. <…> Мо аз кишварҳое, ки ин тадбирҳоро рӯйи даст гирифтанд, даъват мекунем, ки сиёсати худро дар робита ба ин инқилоб бознигарӣ кунанд", – гуфт ӯ.
Фаъоли ҷомеа Муҳаммад Эйша, ки дар минтақаи зери назорати "Ҳайъат Таҳрир-аш-Шом" дар Идлиб зиндагӣ мекунад, вазъро дар Алеппо "бесарусомон" арзёбӣ мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, солҳои охир дар Идлиб бехатарӣ бештар буд ва бар хилофи Давлати исломӣ, ки таъбири сифати сахт аз исломро таҳмил мекард, дар ҳаёти мардум камтар дахолат дошт.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ "Ҳайъат Таҳрир-аш-Шом"-ро дар боздошти худсаронаи фаъолони ҷомеа, рӯзноманигорон ва дигар шаҳрвандон, ки ақидаҳои интиқодӣ изҳор мекунанд, айбдор мекунанд ва аз шиканҷаву рафтори бераҳмона нисбати боздоштшудагон изҳори нигаронӣ мекунанд. Ал-Ҷулонӣ ин айбҳоро рад мекунад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳҳои террористӣ эътироф шудаанд.