Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз дар соли 2017-ро тасдиқ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба вазорату идораҳо, муассисаву ташкилот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе дастур дода шудааст, ки дар чорабиниҳо ба муносибати ин ҷашн аз рамзи мазкур истифода намоянд.
Қобили зикр аст, ки чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявии ҷашни Наврӯз имсол дар шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд. Раиси шаҳр Суҷоуддин Саломзода дар ин робита ба журналистон изҳор намуда буд, ки дар барномаи фарҳангии ҷашн намояндагони кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон, Афғонистон ва Эрон иштирок карда, аз ташрифи як ҳайати сершумори Ӯзбекистон интизорӣ меравад.
Ба гуфтаи ӯ, то ҷашни Наврӯз беш аз 1 километр кӯчаҳои шаҳри Турсунзода ба гулгаштҳо табдил меёбанд. Дар ҳамаи ҷамоатҳо ҷашн пуршукӯҳ таҷлил гардида, ба муносибати ид мусобиқаҳои бузкашӣ ва гуштигирӣ гузаронда мешаванд.




