Палатаи поёнии парлумон ба қонуни конститусионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии ҶТ» ва «Дар бораи Палатаи ҳисоби ҶТ» тағйирот ворид намуд, ки мувофиқи он, аз ин ба баъд шаҳрвандони хориҷӣ дар ин ниҳодҳо мансабдор шуда наметавонанд.

Зимни шарҳи тағийрот ба қонуни конститусионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии ҶТ» ба вакилон, узви Кумитаи қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони палатаи поёнии парлумон Бахтовар Сафарзода қайд кард, ки минбаъд агар судяҳои Суди конститутсионӣ шаҳрвандии дигар кишварро гирифтанӣ бошанд, пеш аз муҳлат аз вазифа бозхонд мешаванд.

Зарурати ворид намудани чунин тағйиротро Сафарзода мутобиқ кардани қонунгузории соҳавӣ ба Конститутсияи ҷумҳурӣ баъди моҳи май ба он ворид шудани тағйироту иловаҳо унвон кард.

Ба қонун «Дар бораи Палатаи ҳисоби ҶТ» низ чунин тағйирот ворид гардида, минбаъд танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон раис, муовин, сараудитор ва роҳбари дастгоҳи Палата таъин шуда метавонанд ва инҳо низ агар шаҳрвандии дигар кишварро қабул намоянд, пеш аз муҳлат аз вазифаашон озод карда мешаванд.

Муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон Абдуманнон Холиқзода зикр кард, ки корҳо дар самти ба Конститутсия мутобиқ кардани қонунгузории соҳавӣ идома дошта, то роҳандозии ин тағйирот маҳдудиятҳо оид ба шаҳрвандӣ ба хизматчиёни давлатӣ вуҷуд надоштанд.