Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон қонун «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро дар таҳрири нав қабул кард. Дар баробари тағйироту иловаҳои дигар, дар қонуни нав субъектҳои қонунофар мушаххас нишон дода мешаванд.
Муовини аввали вазир адлияи ҷумҳурӣ Абдуманнон Холиқзода таъкид дошт, ки зимни таҳияи лоиҳаи нави қонун ба такмили фаъолияти қонунэҷодкунӣ ва ба талаботи муосир мутобиқ кардани низоми ҳуқуқии кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Номбурда бар ин назар аст, ки қонун «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бояд барои таҳияи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи намуна бошад.
Холиқзода зикр кард, ки қариб тамоми матни қонун таҳрир ва акнун лоиҳаи нав бо забони бештар соддаву фаҳмо таҳия гардида, ҳамчунин шарҳи мафҳумҳои қонун низ возеҳ баён шудааст, то ки шарҳу тавзеҳҳои гуногун ба миён наоянд.
Мувофиқи қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ба субъектҳои қонунэҷодкун - Халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо, мақомоти идоракунии шаҳраку деҳот дохил мешаванд.