Дар остонаи фарорасии Иди саиди Фитр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми кишвар даъват ба амал овард, ки дар ҷашни Иди моҳи шарифи Рамазон ба исрофкории беҳад зиёд роҳ надиҳанд.
Дар супориши интишоршуда дар сомонаи расмии Президенти мамлакат дар ин робита зикр мегардад, ки ҳангоми оростани дастархони идона мардуми шарифи Тоҷикистон дастурхони хоксорона ороста, ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.
Ҳамчунин сарвари давлат мардумро ба сарфаю сариштакорӣ ва сабру таҳаммул даъват намуда, тавсия медиҳад, ки ба ҷойи дастурхони серхарҷ хони маънавӣ ороянд.
Бо қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон имсол дар Тоҷикистон Иди саиди Фитр санаи 26 июн ҷашн гирифта мешавад. Соати 06-00 дақиқаи субҳи рӯзи 26 июн дар ҳамаи масҷидҳои кишвар намози ид доир мегардад.
Қобили зикр аст, ки бо назардошти ду рӯзи истироҳати ҳафта - 24 ва 25 июн, тоҷикистониён имсол пайдарҳам 4 рӯз аз 24 то 27 июн - рӯзҳои шанбе, якшанбе, душанбе ва сешанбеи ҳафта истироҳат мекунанд.
Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки доир ба оростани дастурхону идгардаки кӯдакон ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ нашуда, танҳо тавсия дода шудааст, ки ба зиёдаравӣ роҳ надода, кӯдакон бештар зери назорат қарор дошта бошанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.