Имрӯз дар Кохи Борбад мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,зимни суханронӣ назди ҳозирин Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки яке аз сабабҳои қабули қонуни мазкур аз он иборат буд, ки бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок тавассути баъзе шабакаҳои интернет дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус, расму ойинҳои миллӣ ва ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми мо, аз ҷумла занон торафт қувват гирифта, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромада буд.

Президент таъкид дошт, ки бо қабули қонуни мазкур ҳодисаҳои бетартибӣ дар тӯйҳо, то ҳадди содир шудани ҷиноятҳои вазнини авбошӣ ва одамкушӣ, вайрон гардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва садамаҳои нақлиётӣ ҳангоми ҳаракати мошинҳои арӯсу домод асосан аз байн рафтанд.

Зикр гардид, ки дар даҳ соли амалӣ гардидани қонун беш аз як миллиону чорсад ҳазор маърака ба қайд гирифта шудааст, ки барои баргузории онҳо ба ҳисоби миёна чоруним миллиард сомонӣ харҷ гардида, сарфаи умумӣ аз ҳамаи намуди маъракаву маросимҳо беш аз 18 миллиард сомонӣ (беш аз 2 млрд. доллар)-ро ташкил кардааст.

Ба гуфтаи сарвари давлат, тибқи маълумоти оморӣ, танҳо дар шаш моҳи баъди қабули қонун шумораи ақди никоҳ дар кишвар то 23 ҳазор зиёд гардида, соли 2007 ба 97 ҳазор ва соли 2008 ба 106 ҳазор расид.

Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳар сол аз шумораи умумии ақди никоҳи оилаҳои ба қайд гирифташуда 10 фоизи онҳо, бахусус, оилаҳои ҷавон бекор мешаванд.

Ба андешаи ӯ, дар аксари оилаҳое, ки вайрон шудаанд, зану шавҳар дар ягон ҷо таҳсил накарда, касбу ҳунар наомӯхтаанд, падару модаронашон ба онҳо эҳтироми калонсолон, нозукиҳои муносибати хонаводагӣ, пастиву баландии рӯзгор ва дигар масъалаҳои ҳаёти мустақилонаро ёд надодаанд, ки ин ҳама ба хонавайронӣ оварда, таъсири манфиаш аз ҳама бештар ба худи ҷавонон мерасад.

Дар баробари ин президент зикр кард, ки риояи санади мазкур аз ҷониби як қатор мақомоти дахлдор дуруст назорат нагардида, дар ин самт баъзе камбудиҳо ошкор шудаанд, ки обрӯи муассиса ва хизматчии давлатиро паст карда, эътибори онҳоро дар ҷамъият коста мегардонанд, зеро агар соли 2007 судҳо ҳамагӣ 60 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар ин самт баррасӣ намуда бошанд, пасин рақам соли 2017 ба 784 расидааст, ки нисбат ба соли 2007-ум 13 баробар зиёд мебошад.

Ӯ қайд кард, ки баъзан худи раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, хизматчиёни давлатӣ, масъулони бахшҳо оид ба корҳои дину танзим, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба саҳлангорӣ роҳ дода, ба вайрон гардидани талаботи қонун мусоидат менамоянд.

Эмомалӣ Раҳмон Вазорати адлия, Маркази миллии қонунгузорӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро вазифадор намуд, ки дар муддати ду моҳ хулосаҳои худро дар масъалаи аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод кардани хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин, бамаротиб зиёд намудани маблағи ҷарима барои соҳибкорону сарватмандон, ходимони дин ва дигар шахсоне, ки талаботи қонунро риоя намекунанд, ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.