Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфт.
Дар паёми телевизионӣ бахшида ба 26-солагии ҷашни Истиқлолияти ҷумҳурӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки дастовардҳои кишвари о дар ин фосилаи кӯтоҳи таърихӣ шаҳодати равшани он аст, ки халқи мо бо ҳиммати баланди созандагиву фарҳангпарварӣ ва инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ҳама гуна мушкилотро паси сар намуда, ҳамеша ба сӯи пешрафт ва ба хотири ободиву тараққиёт саъю талош мекунад.
«Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту шаш сол муқаддам ба он соҳиб гардид, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад», - иброз дошт Сарвари давлат.
Ба гуфтаи ӯ, ин рӯз, барҳақ, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ маҳсуб мешавад.
«Таърих баъд аз чанд садсола бори дигар ба миллати соҳибтамаддуни мо имконияти эҳё намудани суннатҳои аҷдодии давлатдориро фароҳам овард ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон номи давлати мустақилу соҳибихтиёри тоҷиконро сабт намуд», - таъкид дошт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як сокини мамлакат, ба ҳар нафаре, ки барои эъмори ҷомеаи муосири кишвар саҳм мегузорад, дар пешрафти давлати соҳибистиқлол нақш дорад, аз марзу буми он дифоъ менамояд ва парчами онро дар арсаи байналмилалӣ парафшон месозад, аз самими қалб арзи сипос намуд.
Ӯ таъкид дошт, ки сатҳи инкишофи имрӯзаи давлати мо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои боз ҳам беҳтар шудани рӯзгори мардум ҳамаи заминаҳои мусоиду мустаҳкамро гузоштем, вале зикри ин матлаб ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо бо чунин суръати рушд ва густариши амалҳои ободкориву созандагӣ қаноатманд бошем, балки баръакс, имрӯз моро зарур аст, ки бештар аз дирӯз кору фаъолият кунем, аҳлона заҳмат кашем ва кӯшиш намоем, ки кишвари худро ба давлати пешрафта ва сарзамини аҷдодиамонро ба як мулки обод табдил диҳем.
«Ҳамчунин, зарур аст, ки дар баробари саъю талош дар татбиқи се ҳадафи стратегӣ ислоҳоти низоми иқтисодиро идома диҳем, раванди бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кориро вусъат бахшем ва шароити зиндагии халқамонро қадам ба қадам беҳтар гардонем», - иброз дошт ӯ.
Зикр шуд, ки дигар омили муҳимми пойдории истиқлолияти ҳар як давлат рушди илму маориф, бахусус, илмҳои дақиқ, татбиқи дастовардҳои технологиву инноватсионӣ ва навовариву ихтироъкорӣ аст.
«Мо дар оянда низ дар баробари амалисозии ислоҳоти низоми илму маориф, ба тарбияи мутахассисони дорои донишҳои муосир, насли ҷавони соҳиби одобу ахлоқи намунавӣ ва ватандӯсту соҳибмаърифат эътибори ҷиддӣ хоҳем дод, - гуфт Сарвари давлат. - Миллати моро дар таърихи башар бо фарҳанги бою рангоранг ва шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳангаш мешиносанду арҷ мегузоранд. Аз ин лиҳоз, мо вазифадорем, ки забону фарҳанг, расму ойин ва суннату анъанаҳои миллии худро гиромӣ дорем, аз онҳо ифтихор кунем ва маънавиёти насли ояндасозро бо арзишҳои миллати куҳанбунёдамон тавсеа бахшем ва ҳамзамон бо ин, зеҳну шуури онҳоро аз олудашавӣ ба унсурҳои бегона ҳифз намоем».