Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои хориҷӣ, Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк», муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ таъин гардиданд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои Президент ва қарорҳои ҳукумат Зоҳидӣ Низомиддин аз вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ озод ва ба вазифаи сафири Тоҷикистон дар Эрон таъин гардид.
Гуфта мешавад, Нозирӣ Хусрав аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Миср озод гардида, ба вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин гардид. Қодирӣ Ардашер ба вазифаи сафири Тоҷикистон дар Малайзия таъин гардид.
Бо қарорҳои ҳукумат Сайфзода Шаҳло ва Ризвонзода Фирдавс муовинони раиси раёсати БДА «Амонатбонк», Бақозода Сайрам – муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ, Мирзозода Ардашер – муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Трҷикистон таъин гардиданд.
Ҳамчунин бо қарорҳои ҳукумат Бобозода Ҳокимшоҳ – директори Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати ҶТ” ва Назирмадзода Бахтиёр – муовини якуми директори Агентии содироти назди ҳукумати ҶТ таъин гардиданд.
Зикр мегардад, ки мутобиқи моддаи 20-уми Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» барои аз вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озод ва ба вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе таъин гардидани Гуреззода Умед розигӣ дода шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.