Абдусалом Тӯхтасунзода, шаҳрдори Конибодом, хабари гаштугузори сиёҳпӯшони ниқобдорро дар деҳоти ин шаҳр рад карда, дар ҳамин ҳоло, тасдиқ намуд, ки дар пайи куштору ғоратгариҳои моҳҳои март, апрел ва май боз як гумонбари дигар боздошт шудааст.

Тӯхтасунзода рӯзи 31-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, “ҳеҷ кадоми наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечарханд, аз ҳудуди Конибодом наворбардорӣ нашудаанд. Шояд он наворҳо аз дигар минтақаҳо бошанд”.

Ӯ таъкид кард, ки агарчи наворҳо аз манотиқи Конибодом бардошта нашудаанд, вале баъди паҳн шудани онҳо ҷинояти дуздӣ дар шаҳр кам гардида, моҳҳои охир ягон ҷинояти дуздӣ содир нашудааст.

“Умуман, дар шаш моҳи аввали соли равон дар шаҳри Конибодом 180 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба давраи қиёсӣ 26 адад кам аст”, - гуфт шаҳрдори Конибодом.

Ӯ тасдиқ кард, ки дар пайи куштору ғоратгариҳое, ки имсол рух доданд, боз як гумонбари дигар боздошт шудааст. Боздошти ин гумонбар ба кушторҳои дар деҳаи Санҷидзор рухдода иртибот доштааст. Аммо дар мавриди шахсияти гумонбар иттилоъ надод, танҳо гуфт, ки таҳқиқи ҳодисаҳои деҳаи Санҷидзор аз ҷониби Додситонии кул идома дорад.

Абдусалом Тӯхтасунзода
Акс аз Asia-Plus

Гуфтан ба маврид аст, ки ӯ дуввумин гумонбар ба иттиҳомҳои куштор дар Конибодом мебошад.

Қаблан дар пайи куштори оилаи Шариповҳо, додари марҳум Ашӯров Шарифҷон аз ҷамоати деҳоти Фирӯзоба боздошт шуда буд. Раиси шаҳр гуфт, тафтиши парвандаи Ашӯров ба охир расида, эҳтимол рӯзҳои наздик барои баррасӣ ба суд ирсол гардад.

Ҳамчунин ӯ гуфт, силсилаҳодисаҳое, ки моҳҳои март, апрел ва майи имсол дар Конибодом рух доданд, ба ҳамдигар ҳеҷ алоқамандие надоранд.

Ёдовар мешавем, ки аз оғози сол то ҳол ҳодисаҳои куштор дар шаҳри Конибодом ҷомеаро дар ҳолати тарс қарор додааст. Дар ин муддат 5 куштори оилавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он 15 нафар кушта шуданд. Сокинон нигаронанд, ки бо гузашти 4 моҳ натанҳо ин кушторҳо ошкор нашуданд, балки мақомот шарҳе намедиҳад.

Новобаста аз ин, сокинон иддао доранд, ки чанд ҳодисаи дигар, ки мақомот ба сӯхтор (бо ҳалокати соҳиби хона) ва дигар  ҳодисаҳои нохуш иртибот дод, куштор буда, бояд гиреҳи он кушода шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.