Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ як нозири барқро бо ҷурми фиреби мардум боздошт кардааст. Ӯ бо баҳонаи иваз намудани ҳисобкунаки барқӣ ва гузаронидани маблағ ба суратҳисоби муштариён маблағҳои аз мардум гирифтаашро ба манфиати худ сарф мекардааст. Дар ин бора дар гузориши видеоии ВКД иттилоъ дода мешавад.

Ин нозири барқ Авезов Маъруф ном дошта, 27-сола ва сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе буда, дар шабакаи фурӯши барқи ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият мекардааст.

Ӯ дар давраи фаъолияташ ҳамчун нозири барқ аз Назирзода Гулноза, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ин ноҳия бо баҳонаи иваз намудани ҳисобкунаки барқӣ 1500 сомонӣ гирифта, ғайб задааст. Аз ду сокини дигари ин ҷамоат -  Ҳалимов Сироҷиддин ва Анваров Кабир бошад, 1600 сомонӣ гирифта, ваъда кардааст, ки маблағи масрафи барқро ба суратҳисоби онҳо мегузаронад. Ба онҳо расиди қалбакӣ дода, маблағро ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст.

Худи Авезов иқрор шудааст, ки зиёда аз 40 адад чунин расидҳои қалбакиро, ки аз 100 сомонӣ то 1500 сомонӣ маблағ навишта шуда буд, ба сокинон додааст.

Айни ҳол Авезов Маъруф дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 247-и Кодекси ҷиноятӣ (Қаллобӣ) парванда оғоз гардидааст. Ин банди қонун ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 12 сол ҷазо пешбинӣ мекунад.

Мақомот бо нашри матлаби мазкур аз сокинони ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ даъват ба амал овардааст, ки ҳар нафаре, ки аз тақаллубкориҳои ин нафар ҷабр дидааст, ба шуъбаи ВКД дар Рӯдакӣ муроҷиат кунад.

Ин бори аввал нест, ки нозирони барқ даст ба ҷиноят мезананд. Қаблан дар ноҳияи Ваҳдат низ як назоратчии барқ бо истифода аз мақоми хизматӣ аз як шаҳрванд барои бекор кардани санади қоидавайронкунӣ 4 ҳазор сомонӣ талаб карда, 3800 сомониашро гирифта, ҳисобкунаки барқии манзили истиқоматии ӯро бе тартиб додани санади дахлдор иваз намуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.