Дастаи иборат аз 15 қаннод - намояндагони Федератсияи ҷаҳонии мусобиқа байни тарабхонаҳо (WFRS) аз Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе як торти вазнаш 200 кило ва баландиаш 2,10 метр тайёр карда, дар категорияи “Торти баландтарин дар мавзӯи миллӣ” рекорди ҷаҳонӣ гузоштанд. Рекордро намояндагони Агентии авруосиёии радабандӣ (ЕРА) сабт карданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

Торти рекордиро аз тарабхона оҳиста-оҳиста дар бордони мошини боркаш барои намоиш ба боғи ба номи Абулқосими Фирдавсӣ дар ҷашни Меҳргон рӯзи якшанбеи гузашта оварданд. Аз 1,7 км овардани он то даромадгоҳи боғ тақрибан 15 дақиқа вақтро гирифт.

Сипас чанд дақиқаи дигар онро дар болои миз гузоштанд. Баъдан ба болои торт дар платформаи махсуси даврзананда нусхаи ҳайкали асосгузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомониро гузоштанд, ки баландиаш 45 см буд.

Ин маҳсулоти қаннодӣ аз чанд қабат иборат буд. Пояи мураббаъ бо паҳнои 1,1 метр бо 20 ҳайкалчаҳои аз занҷабил сохташуда, ки дар шакли маконҳои диданбоби Тоҷикистон буданд, оро дода шуд. Ба болои он ду ошёнаи дигари мудаввар бо нақшҳои миллӣ ва беш аз 300 унсури зефирӣ дар шакли тарбуз, харбуза, ангур ва меваҳои гуногуни кишвари Тоҷикистон насб карда шуд.

Қаннодон ин тортро дар муддати чор рӯз тайёр карданд.

«160 дона тухм, 25 кг шакар, тақрибан 45 кг хамираи шакарӣ, якчанд килограмм орд — ин барои зефир. Ғайр аз ин, тақрибан 30 литр афшура ва боқимонда — 1, 3, 5, 9 кг, аммо на бештар аз ин», — гуфт роҳбари қаннодон Натали Ви, ки дар омода кардани он иштирок кард.

Ба гуфтаи ӯ, ин торт метавонад аз 100 то 200 нафарро сер кунад.

«Мо аллакай ҳашт сол аст, ки бо ин кор машғулем ва дар Русия (“Афсонаҳои Пушкин”), Африқо ва Аврупо низ рекордҳо гузошта шудаанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон ин аввалин рекорд аст ва ман умедворам, ки он дарозмуддат хоҳад буд», — гуфт ба хабарнигорон раиси кумитаи хидматрасонӣ ва меҳмондории ЕРА ва котиби генералии WFRS Александр Рабинович.

Ӯ илова намуд, ки тайёр кардани торт ба Рӯзи ҷаҳонии ошпазон ва ҷашни миллии кишоварзии Тоҷикистон — Меҳргон, ки дар кишвар 20 октябр таҷлил карда шуд, бахшида шудааст.

Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ рӯзи якшанбе маркази таҷлили ҷашни Меҳргон шуд. Дар ин ҷо намоишгоҳ-фурӯши ҳосили ҷамъшуда ва таомҳои гуногун аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ташкил карда шуд. Фурӯшандагон сабзавоту меваҳо, нӯшокиҳо, чормағз, асал ва дигар дастранҷи худро ба меҳмонон пешниҳод ва ба фурӯш гузоштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.