Пулиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд як занро бо иттиҳоми талоши фурӯши духтари хурдсолаш бар ивази 15 ҳазор доллари ИМА боздошт кардааст.

Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ дод, ки “ин зан сокини ноҳияи Ашт буда, талош кардааст дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров духтарашро фурӯшад”.

“Зани 26-сола аз ноҳияи Ашт С.Т. (Дар барнома ному насаби зан пурра оварда шудааст, аммо “Азия-Плюс” бо риояи меъёри қонунгузории кишвар оид ба эҳтимолияти бегуноҳӣ, аз ошкор кардани ҳуввияти ӯ худдорӣ мекунад) санаи 9-уми октябр дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мехост духтарчаашро ба “харидори шартӣ” бар ивази 15 ҳазор доллар фурӯшад. Ҳангоми ба даст овардани маблағи пешакӣ мувофиқашуда аз ҷониби милитсияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт шуд”, - зикр мешавад дар барномаи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд.

Дар навори намоишдодаи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд зани муттаҳам иқрор мекунад, ки “баъди пош хӯрдани оилааш мехост кӯдакро фурӯшад ва хона харад, то дар хонаи волидон зиндагӣ накунад”. Аммо дар чӣ шароит сабт шудани наври иқрори зан маълум нест.

Айни ҳол алайҳи ин зан бо моддаи 167 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хариду фурӯши ноболиғон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, худи ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ин банди қонун маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз  панҷ то ҳашт  солро пешбинӣ мекунад.

Назари вакили дифоъ ё пайвандони ин зан дар бораи иттиҳоми эълоншуда маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки моҳи гузашта як сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт низ барои талоши фурӯши кӯдаки худ боздошт шуд. Мақомот он замон гуфт, ки ин зан мехост кӯдакашро бар ивази 15 ҳазор сомонӣ фурӯшад ва ҳангоми гирифтани 5 ҳазор сомонӣ аз ҷониби милитсияи Ашт боздошт гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.