Хадамоти федералии амнияти Русия созмондеҳи амали террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербургро дар вилояти Маскав боздошт намудааст, ки  аз ӯ зодаи минтақаи Осиёи Марказӣ Аброр Азимов ном бурда мешавад. Тибқи фарзияи мақомоти тафтишот, ӯ террористи маргталаб Акбарҷон Ҷалиловро омода кардааст.

«Айни замон Аброр Азимов ҷиҳати анҷоми амалҳои тафтишотӣ ба Кумитаи тафтишоти Русия оварда шудааст», - қайд мешавад дар маълумоти Хадамоти федералии амният.

Таъкид мешавад, ки Азимов соли 1990 таваллуд шуда, зодаи Осиёи Марказӣ аст. Дар навори видеои аз ҷониби хадамот сабтшуда боздошти Азимов ва мусодираи таппонча аз ӯ дида мешавад.

Қаблан роҳбари Хадамоти федералии амнияти Русия Александр Бортников изҳор дошта буд, ки муҳоҷирони корие, ки аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Русия меоянд, асоси гурӯҳҳои террористии дар ин кишвар амалдоштаро ташкил мекунанд.

Нимаи рӯзи 3 апрел дар вагони қатораи метрои Петербург таркиш рух дода, бар асари он бо шумули террористи маргталаб 15 нафар ҳалок ва беш аз 60 кас ҷароҳат бардоштанд. Худи ҳамон рӯз дар метрои ин шаҳр боз як бомбаи худсохт безарар гардонида шуд.

Бино ба маълумоти тафтишот, террористи маргталаб, ки ҳангоми таркиш дар метрои Петербург ҳалок шуд, зодаи шаҳри Оши Қирғизистон ӯзбеки этникӣ Акбарҷон Ҷалилов аст. Баъдан маълум шуд, ки аз рӯи далели таркиш дар метро ҳашт нафар - Сайфулло Ҳакимов, Иброҳимҷон Ёрматов, Дилмурод Муҳиддинов, Баҳром Эргашев, Аъзамҷон Маҳмудов, Муҳамадюсуф Мирзоолимов, Шоиста Каримова ва Содиқ Ортиқов боздошт шудаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия маълумоти шаҳрванди Тоҷикистон будани яке аз боздоштшудагон ба гумони даст доштан дар амали террористӣ дар метрои Петербург Содиқ Ортиқовро тасдиқ намуд.